Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ санаи 15-уми майи соли равон дар қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оиларо баргузор намуд. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири бахши САХШ-и ноҳия Зебуннисо Расулова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Саидмуродова Муслима ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-Муҳаммадии Салим иштирок намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мудири бахши САҲШ-и ноҳия ба 4 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳва ба 5 ҷуфт оилаҳои дорои кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуда, инчунин аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оила ба оилаҳои намунавӣ, ки зиёда аз 40 сол ҳаёти якҷоя ба сар бурдаанд, гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ баҳри болидаруҳии иштирокчиён пешкаш карда шуд.