Рӯзи 27-уми августи соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар кори машварати мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати маорифи ноҳия Соҳибназар Сафаров, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфзода, корманди Прокуратураи ноҳия Абдуллозода Фарҳод, корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Азимзода Парвиз, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳия Абдулло Сатторӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи дороӣ китоб аст.", собиқадорон ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. 
Рӯзномаи машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакиро як масъала - "Ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021 ва вазифаҳои кормандони соҳаи маориф барои соли таҳсили 2021-2022" дарбар гирифт. Вобаста ба масъалаи зикршуда дар оғози кори машварат сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Соҳибназар Сафаров баромад намуда, дар бораи вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ, норасоии омӯзгорон, норасоии синфхонаҳои фаннӣ, дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия, таъмир ва омодагиҳои муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ва мавсими зимистони соли таҳсили 2021-2022 маълумот дод.
Дар идома, музокираҳои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 Муллоева Қумрӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 Аҳмадов Султон ва омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Исмоилова Гулнора пешкаши ҳозирин гардид.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфзода баромад карда, тамоми кормандони соҳаи маорифро ба ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаашон соҳаи маориф ва илмро мақоми баланд додаанд ва пайваста омӯзгоронро талқин менамоянд, ки давлат яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа, яъне таълиму тарбияи наврасону ҷавононро бо боварии комил ба дасти онҳо мусупорад.
Дар идомаи машварат муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода суханронӣ карда, кормандони соҳаро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуд. Инчунин, муовини вазир дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ расонда, иброз доштанд, ки якчанд кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода баромад намуда, бори дигар ба директорони муассисаҳои таълимие, ки ҳангоми назорати гурӯҳи корӣ аз омодагиҳои муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаи таълими онҳо камбудиҳо ошкор гардида буданд, муваззаф намуд, ки то муҳлати муайяншуда мушкилоти ҷойдоштаро бартараф кунанд.
Дар қисмати охири кори ҷамъомад маърӯза ва музокираҳо ба инобат гирифта шуда, машварати кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ тавсиянома қабул намуд.
Дар анҷом ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ ба саҳна даъват карда шуда, бо мукофотпулии раиси ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ гардиданд. Сипас, як қатор омӯзгорони фаъол ва директорони муассисаҳои таълимӣ бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи раиси ноҳия, Раёсати маорифи ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Ҷалолзода Хайриддин бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.