13 июли соли 2021, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол шаҳрвандони мулкии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки асосан сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони кишвари мазкур мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.
Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти робитаи неки инсондустӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.
Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамаоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд. Онҳо чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.
Ҳамчунин имрӯз, 14 июл соати 14:05, 51 нафари дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб сарҳади давлатиро убур карда, ба қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Хабар такмил ёфт (14:30 бо вақти Душанбе) — матн васеъ карда шуд.