Ба бахти миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик истиқлолият ҳамчун имконияти нодири таърихӣ ва муқаддасоти умумимиллӣ барои пешрафтҳои азим ва уфуқҳои тозаи инкишофу тараққиёт роҳ кушода, сохтори мустаҳками давлатдории навин ва низоми мукаммали қонунгузории миллиро пойдор намуд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин дастовардҳои пурарзиши даврони истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бузурги таърихиро анҷом дода истодаанд, ки шоистаи таҳсин ва намунаи олии ватандорӣ ба шумор меравад.
Истиқлолият ҳамчун дастоварди муқаддастарин оғози тайғироту дигаргуниҳои сарнавиштсози ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар таърихи муосири мамлакатамон тавонист муҳити соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятро ташаккул дода, барои тадбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва шукуфоии ватанамон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад. Аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки дар давоми 28 - соли истиқлол мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муваффақияту дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, бо ин васила дар арсаи байналхалқӣ шинохти мусбати миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун, ободгару бунёдкор ва сулҳхоҳу ташаббускор муяссар шуд.
Ҳақиқати равшани таърихӣ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба айёми бенизомӣ, ноамнӣ ва даҳшати ҷанги дохиливу маҳрумиятҳои зиёд рост омад. Маҳз, иродаи азалии таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварии тоҷикистониён буд, ки дар атрофи сарвари раҳнамову ҳидоятгари хеш муттаҳид шуда, бо ризоияту ҳамдилӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ хилофи талошҳои бадхоҳон фазои босуботу ором ва осударо муҳайё сохтанд.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуда буданд: "Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард."
Маҳз аз файзи Истиқлолияти давлатӣ аст, ки тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон ба майдони бузурги созандагию ободкорӣ, бинокорию хуррамгардонӣ табдил ёфта, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дар ин иқдому ташаббусҳои бунёдкорона бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ва садоқат ба ин сарзамину муқаддасоти ватандорӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мардуми мо ба мафҳум ва моҳияти истиқлолият амиқ сарфаҳм рафта, дарк намуданд, ки бақову пойдории истиқлолият, ҳифзи дастовардҳои даврони мустақилият ба кору амали ободгароёнаи мо - соҳибватанон вобастагии зич дорад.
Мардуми қадршиноси Тоҷикистони азиз бо ҳисси сазовори шукргузорӣ аз Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо, гаронқиммат, падидаи муқаддасу ифтихорофарин ва арзиши нодир ҳамеша пайи талошу кӯшиши доимӣ мебошанд, то ки рукнҳо ва пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии истиқлолияти давлатии кишвари озодамон боз ҳам тақвияти бештар ёбад, чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Зеро равандҳои тезутунд ва босуръат тағирёбандаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиамонро аз даст надода, бо фарҳанги баланди сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватанхоҳӣ ҳамеша фикру амали ободсозиву созандагӣ дошта бошем.
Аз ҷумлаи музаффариятҳову муваффақиятҳои муҳими айёми истиқлолият дар арсаи байналмилалӣ боло рафтан ва ҷойгоҳи муносибро соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки шаҳодати эътибор ва мақоми намоёнро ба даст овардани кишвари озоду соҳибихтиёри мо мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтан ва пазируфта шудани ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат, ки ба ҳалли мушкилоти сатҳи сайёра равона гардидаанд, боз як нишонаи собити мавқеи мустаҳкам касб намудани сиёсати хориҷии ҷумҳуриамон ва пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз пешниҳодоти судманди Точикистон мебошад.
Далели дигари шинохти арзандаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эхтиром гузоштан ба соҳибихтиёрии он баргузории чорабиниҳои пуршукуҳи аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта дар пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе мебошад. Қобили зикр аст, ки тавассути тадбирандешиҳои ободкорона ва тасмимгириҳои бунёдгаронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти кишвари азизамон дар чанд соли охир куллан симои хешро тағир дода, чандин нишастҳову вохӯриҳои муҳими сатҳи ҷаҳониро ба дараҷаи шоиста ва хотирмон мизбонӣ намуд, ки ин ҳам дастоварди шоёни замони истиқлолият ва ифтихори ҳамватанон мебошад.
Яке аз тамоюлҳои барҷастаи замони истиқлолият ин торафт асосҳои мустаҳкам пайдо намудани ҳисси ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллат, баланд гардидани рӯҳияи хештаншиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва суннатҳои неки аз ниёгон боқӣ монда, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламшумули миллати тоҷик ва расидан ба қадри арзишҳои маънавии давлатдориамон ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллатамон ҳамеша мардуми кишварро ба гиромӣ доштани ғояи истиқлолпарварӣ, пос доштани муқаддасоти он даъват намуда, мақом ва ҷойгоҳи истиқлолиятро ҳамчун "неъмати бебаҳои таърихӣ", "шарти ҳастиву бақои миллат", "кафили фардои дурахшон", "муқаддастарину азизтарин неъмат", "рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ", "нишонаи бақову пойдории давлат" ва "рӯйдоди бузурги таърихӣ" маънидод менамоянд.
Бинобар ин, вазифаи пуршарафу боифтихор, масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи соҳибватании мост, ки ки поя, асос, бунёд ва рукнҳои истиқлолияти давлатиамонро боз ҳам пойдору мустаҳкамтар намоем ва ҷашни муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамонро бо дастовардҳои арзанда ба таври шоиста истиқбол гирем.
Муҳаммадвалӣ
ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Рӯдакӣ