н.Рӯдакӣ 29.12.2020. Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум доир гардид.

    Дар кори иҷлосия Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, муовини якум, муовинони  Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

    Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шудааст.

     Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳрирӣ ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳо  "Дар бораи ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Пирзода Абдулло Алимаҳмад  аз натиҷаи интихоботи дигар дар ҳавзаи интихоботии Мадад №11  ва тасдиқи ваколати вакили навинтихобшуда", " Ҳисоботи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021", " Дар бораи тасдиқ намудани буҷети ноҳия барои соли 2021 ва иҷроиши буҷет дар соли 2019", “Дар бораи тасдиқи нақшаи андози иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ барои соли 2021” “Дар бораи тасдиқи нақшаи маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ барои соли 2021” “Дар бораи муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ барои соли 2021” “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи чоруми соли 2020” “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи иҷроиши намудҳои андозҳо дар семоҳаи чоруми соли 2020” “Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисодиёт ва буҷет Забиров С.  доир ба фаъолияти комиссия дар давраи ҳисоботӣ”  “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2021” “Дар бораи кадрҳо” “Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия” ворид гардид.

     Тибқи масъалаҳои якуми рӯзнома ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Пирзода А.А. дар бораи натиҷаи интихоботи дигар дар ҳавзаи интихоботии “Мадад”, №11 ба ивази вакили хориҷшуда ва тасдиқи ваколати вакили навинтихобшуда Исматзода А.У. шунида шуд.

      Сипас, дар доираи масъалаи дуюм ҳисоботи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар 11 моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 шунида шуд.