ИҶЛОСИЯИ ДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Санаи 1-уми октябри соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори Иҷлосияи навбатӣ, тибқи рӯзнома, сараввал гузориши мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муслима Саидмуродова доир ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" шунида шуд. Ҳамзамон, зимни музокираи масъалаи мазкур таклифҳои зарурӣ барои беҳтар намудани корҳо дар ин самт пешниҳод гардиданд.
Оид ба масъалаи аввали рӯзномаи Иҷлосия музокираи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Ситора Ҳалимова ва сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём", роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Мумтоз" ва раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ Рухшона Шобудинова шунида шуд. 
Ҳангоми баррасии масъалаи дуюми рӯзнома, ахбороти сардорони Шуъбаҳои 1 ва 2- и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуби инсонӣ ба таваҷҷуҳи вакилон расонида шуд.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома - ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ доир ба фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ, инчунин дар бораи ҳолати риоя ва татбиқи қонунҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, ҷоннок намудани корҳо дар ин самт ва ҳалли мушкилоти мавҷуда аз ҷониби узви Комиссияи мазкур, вакил аз ҳавзаи "Истиқлол", №4 Манучеҳр Ҳамидзод маърӯза пешниҳод гардид.
Вобаста ба баррасии масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзномаи Иҷлосия вакилон Қарорҳои дахлдорро дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи сеюми соли 2021 ва дар бораи қабул намудани даромадҳои иловагӣ, ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ ва ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани қисми даромад дар соли 2021 қабул намуданд.
Инчунин, дар Иҷлосия бо мақсади ҷовидон сохтани номи шахсиятҳои маъруфи кишвар бо Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 деҳоти Чоргултеппаро ба номи шодравон Ҳабибулло Нозирӣ номгузорӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳафтум ва ҳаштуми рӯзномаи Иҷлосия масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор Қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар маҷмуъ, дар Иҷлосияи навбатӣ аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда аз тарафи вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ 8 қарори дахлдор қабул гардид.