Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ 1-уми октябри соли 2020, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва гирифтани таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баён гардиданд, аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтанд. Онҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида дар шаҳраку деҳоти ноҳия ва маҳаллаҳои осебпазир суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Чорабиниҳои зикршуда бо иштироки шахсони бонуфузу баобрӯ, вакилон, омӯзгорон, ходимони дин, фаъолзанону фаъолҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандии кӯчаю маҳаллаҳо ва деҳаҳои осебпазир баргузор гардида, вобаста ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ҷараёнҳои ифротӣ, пешгирии паҳншавии фарҳанги либоспӯшии бегона ва тарғиби либосҳои миллӣ, таҳкими ҳисси худшинисову ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии онҳо, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин рафти таъмини ҳолати иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбатҳо гузаронида шуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби аъзои гурӯҳҳо ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар зеҳни мардум ҷой додани ғоя, андеша ва фарҳанги миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои Давлату Ҳукумат, ҳимояи пояҳои конститутсионии давлат, аз ҷумла ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд.
Дар охир гурӯҳҳои корӣ иштирокчиёнро ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки бигузор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон, фарҳанг ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони биҳиштосоямон мақсаду мароми зиндагӣ ва ормони волои онҳо гардад.