Рӯзи 16-уми сентябри соли 2024 дар Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат " баргузор гардид.
Дар маросими оғози озмун раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва раиси комиссияи ҳакамони озмун - ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Қудрат Давлатзода суханронӣ намуда, ба иштирокдорон муваффақияту комёбӣ таманно карданд.
Дар даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии шаҳрҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод ва Варзоб ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2023 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.