Рӯз 16-уми майи соли 2021, мутобиқи талаботи амри Раиси ноҳия ва нақшаи кории  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар маркази ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ доир гардид.

     Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гашта, дар он сокинони ноҳия, бахусус ҷавонону наврасон фаъолона ширкат варзиданд. Бехатарии иштирокчиёни чорабинӣ низ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия ва Маркази Ёрии таъҷилӣ сифатан таъмин карда шуда, дар анҷом ғолибони ҳам Дави миллӣ ва ҳам  Марафони велосипедронӣ аз ҷониби масъулин бо диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.