26.07.2019.  Дар арафаи ҷашни 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба ҳусни ноҳия шукӯҳи хосса зам хоҳанд намуд. Дар ин бора имрӯз раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар  намуд.  

Бино ба маълумоти номбурда,  майдонҳои Парчаму Нишон дар рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, айни ҳол сохтмони онҳо бомаром ҷараён доранд. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 28 садяк бо баландии 45 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр мавриди истифода қарор мегиранд. Дар атрофи онҳо инчунин гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо бунёд мешаванд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ зикр кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 414 иншоот бунёд мегарданд. Аз ин шумора 76 банд ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди мактаб, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ,  марказҳои касбу ҳунаромўзӣ, марказҳои забономўзӣ, 72 банд ба бунёди сартарошхонаҳо, 45 банд ба бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ташхисгоҳи замонавӣ, коргоҳҳои дорубарорӣ ва дорухонаҳо, 3 банд ба бунёди китобхонаҳо, 35 банд ба бунёди иншооти варзишӣ, 9 банд ба бунёди растаҳои ҳунармандӣ,  9 банд ба бунёди кошонаҳои ҳусн, 5 банд ба сохтмони ҳаммомҳо, 4 банд ба бунёди марказҳои дилхушкунанда, 8 банд ба гулгашт ва гулзоркунии минтақаҳои алоҳида, 10 банд ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ,  15 банд ба сохтмони пул ва роҳсозӣ, 68 банд ба бунёди марказҳои савдо, мағозаю дӯконҳо ва ташкили марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин беш аз 17 банд ба бунёд ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ  нигаронида шудааст.

Соли 2018 54 иншоот, аз ҷумла 7 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрсонӣ, 3 адад майдонча ва толорҳои варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 6 коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 4 адад дигар намуди иншоот ба истифода дода шуданд.

То охири соли 2019 аз 414 иншоот 183-тои он бояд мавриди истифода қарор гиранд. Давоми 6 моҳи соли равон 56 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.