Рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, баргузор гашт.
Дар ҷаласа муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти суд, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбароин ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд.
Маҷлиси ҳисоботӣ бо суханронии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд. Раиси ноҳия зимни суханронӣ аз дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта дар давраи ҳисоботӣ гузориш пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия ҷиҳати таъмини ҳадафҳои Нақша-чорабиниҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ, созандагӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, муътадилгардонии вазъи молиявию иқтисодӣ ва афзоиши воқеии нишондиҳандаҳо таъмин гардид.
Аз ҷумла, иҷроиши буҷети ноҳия аз рӯйи контигент дар шаш моҳи соли 2024 128 млн 438 ҳазор сомонӣ ё ин ки 109 фоиз иҷро гардида, нисбати нақша 10 млн 688 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 млн 457 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи 112 млн 166 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 111 фоизи нақшаро дар бар мегирад, ки аз нақшаи пешбинигардида 10 млн 666 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 млн 120 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки нақшаи андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли 2024 дар ноҳия 44 млн 194 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиш 43 млн 459 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 98 фоизро ташкил медиҳад.
Оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2021-2025 гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шумораи умумии лоиҳаҳои барнома 148 лоиҳа ба маблағи 128,7 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки 58 фоиз нисбат ба арзиши умумии лоиҳаро дар бар мегирад.
Фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ низ дар ин давра рушд намуда, сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 62 млн 44 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 119,6 фоизро ташкил медиҳад.
Нишондодҳои соҳаи саноат низ нимсолаи аввал рушд намудааст. Дар ин давра 184 корхонаи саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 284 млн 827 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37 млн 575 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Соҳаи кишоварзӣ низ дар давраи ҳисоботӣ рушд намуда, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи 505 млн 822 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд мебошад.
Раиси ноҳия зимни таҳлили вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия қайд кард, ки агарчи нишондодҳои рушд чашмрас мебошанд, вале ҳанӯз ҳам мебояд аз воситаву имкониятҳои мавҷуда бештар истифода кард. Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои самаранок истифода бурдани заминҳои бекорхобида, қонеъ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта чораҳо андешанд.
Ҳамчунин, раиси ноҳия дар хусуси дастуру супоришҳое, ки аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми март ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми май бармеоянд, андешаронӣ намуда, диққати ҷиддӣ равона кардан дар самти пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, зиёдаравӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, муборизаи қатъӣ бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастиро таъкид дошт.
Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ориф Хоҷазода баромад намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин маслиҳату супоришҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли 2024, бо назардошти рушду пешрафт ва камбудиҳои ҷойдошта қаноатбахш ҳисобида шуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба таъмини рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи дуюми соли 2024, бо назардошти баромад ва пешниҳодҳо, қарори дахлдор қабул гардид.