Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмар-дони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипарӣ намуда, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро паси сар кардааст.

             Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи ҷашни бузург-Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо намоёну бузург аст. ӯ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид. Ҳамин Пешвои мо буд, ки бо қувваҳои мухолифин дар гуфтушунид шуд, музокиротро дар доираи васеи сиёсатсамадорон анҷом дод ва ниҳоят ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонида, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо  расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Сулҳи тоҷиконро ба даст овард, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, вазъи  иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба кулли беҳтар кард, ки аз он эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмиллалӣ афзуд.

                 Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ҳамчун санаи фархундаи таърихӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд ва он  ҳамчун дастоварди миллӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. 

             Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пос надоштани арзиш-ҳои муқаддаси соҳибистиклолии давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ амали баръало равшани носипосӣ ва ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукрӣ кардан гуноҳ буда, ватандӯстӣ аз имондорист.

                Таърих исбот намудааст миллатҳое, ки баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд, имрӯз бисёр муваффақанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагонӣ табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳм гузорем.  Ҳамчунин Ваҳдати миллӣ дар баробари андешаи миллӣ моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳими афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф зиёдтар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоху худшинос, ватандӯсту зираку ҳушёр эҳсос намоем. Аслан ба насли ҷавон талқин кунем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, пеш аз ҳама дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.  Дар ҳамаи динҳо, алалхусус дини мубини ислом, тамоми ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд. Ҳадафи ибодат низ сохиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғам-бари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусулмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусулмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки  мардум  дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд».

                Чи тавре, ки огаҳӣ дорем бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд. Ҳар гуна рафтори бадро кӯр-кӯрона қабул мекунад. Тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд.

                Дар ҳамин ҳол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, падару модарон пеш аз ҳама мустаҳкам намуда­ни мафкураи миллӣ дар ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандустиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатхои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.

                Ҳамзамон ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби динӣ, моҷароҷӯйй, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.

                Моро зарур аст, ки ба қадри суботу оромӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон - Тоҷикистон бошем. Бешак, Ваҳдати миллӣ,  иттиҳоду ягонагӣ, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими халқиятҳои хирадманд ва сулҳпарвари Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад

      М. Қаландаров

                Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаройи динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.                 Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва мин­тақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.             

                Раванди ба гурӯҳҳои иф­ротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳмондаанд. Маҳз ҳамин равиши табли-ғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.

                Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин он аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», иттилоъ надоранд ва аз ин ҷост, ки ба фиребу найранги онҳо дода мешаванд. Мувофиқи тафак-кур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар таркиби «хилофат» дидан мехоҳанд. Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маълумоти таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷойи шакке боқӣ намемонад. Масалан, ҳаракати ифротга­ройи ҳизби таҳрир солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минта-қаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби «хилофат» пешбинӣ шудаанд. Умуман, таъсиси «хилофат» ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ҳизби ифротӣ ба ҳисоб ме­равад.

                Созмони даҳшатангез ва ифротгаройи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба он харита нигарем, хоҳем дид, ки ягон давлати мустақил вуҷуд надорад, тамоми минтақа ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо, ҳамчун вилоят ва ноҳияҳои тобеи хилофат пешбинӣ шудаанд.

                Яке аз хусусиятҳои асосии ифротгаройии динӣ, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ, дар он аст, ки аз ҳар ҷиҳат ба миллатгаройии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гурӯҳи «Давлати ис­ломӣ» барои асоснок кардани ҳуқуқҳои халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон - Абубакри Бағдодӣ, на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии ӯ, балки, пеш аз ҳама, гуё аз қавми араб ва аз аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагони дури ӯро далел овардааст. Айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии «ара­бу аҷам» буда, ба нажоду фарҳанги ориёӣ ҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд.

Дар замони муосир низ ин баҳр дар сатҳи гуногун идома дошта, зери шиорҳои миллӣ, мазҳабӣ ва гоҳо сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Омӯзиши муҳит ва руҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбат ба мардуми ориёӣ ва ориётабор ҳамвора истилоҳҳои таҳқиромезе чун «манусон», «оташпарастон», «рофизиҳо» ва ғайраро истифода намуда, номҳои ориёиро «номҳои манусӣ» ва забони тоҷикӣ-форсиро «забони аҳли дузах» меноманд.

                Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон, назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намеку­нанд. Хусусан пешвоён ва назариясозони равияи са­лафияи такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатьии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи «бидъат» буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошанд, як навъ «ширк» дар ақидаю ибодати мусулмон ба ҳисоб меоянд.

Ҳамин тавр, яке аз хусу­сиятҳои асосии ифротгарой­ии муосири динӣ зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ мебошад.

                Хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ моҳиятан тафаккури зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамаддун дар ҷанг қарор дошта, чун як нерӯи торикию барбарии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд.

                Чунончӣ, гурӯҳи ифротгаройи «Толибон»-и Афғонистон баробари ба сари ҳокимият омадан (соли 1996), ба нобудсозии осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии кишвар оғоз намуд. «Толибон» дастхатҳои чандҳазорсола, ёдгориҳои арзишманд ва осори гаронбаҳои таърихиро аз марказҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо ва осорхонаҳои Афғонистон берун кашида, чун «осори куфру бидъат» бераҳмона нобуд сохтанд. Аз ҷумла, нобудсозии маъбади ҳиндуҳо дар Кобул ва бо тири тупу маводи тарканда пора кардани ёдгориҳои таърихии вилояти Бомиён аз манфуртарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии «Толибон» ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки ёдгориҳои чандҳазорсолаи Балху Бомиён дар замони подшоҳони гузаштаи исломии Афғонистон, аз ҷумла дар аҳди Сомониёну Ғазнавиёну Темуриён, барҷой монданд ва уламои исломии ин сарзамин дар тули таърих ба хароб кардани онҳо фатво надоданд, аммо «Толибон» бо тафаккури зиддитамаддунии худ корро аз харобсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуданд.

                Гурӯҳҳои ифротгаройи динии «Боку ҳаром» ва «Аш-шабоб», ки дар кишварҳои Нигер, Сомалӣ ва Молӣ фаъолият доранд, соли 2011, пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту, бузургтарин ганҷинаи китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африкоро огоҳона хароб карда, бино ва китобҳои онро оташ заданд. Онҳо бо ин амали тахрибкорона на танҳо дастхатҳои қадими бостонӣ, балки ҳазорон нусха китоби илмии даврони исломӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои нодири таърихи ин кишварҳоро нобуд карданд.

                Гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» дар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатнокгарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳама маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, ёдгориҳои ҳуна­риву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ шикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора карданд. Хусусан, ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт. Онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳифз мешуд, бо тамоми восита хароб карданд, бинову манораву ёдгориҳоро тарконданд.

                Умуман, ҷанг бо ҳунару фарҳанг, бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи тафаккури гурӯҳҳои ифротгаройи динӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла, аз фарҳанги исломӣ, ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Фаҳмиши онҳо аз ислом, дур аз фарҳанг ва арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як «ислом»-и холӣ, танг, хашин ва торики худро сохтаанд, ки ҳеҷ умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.

                Бинобар ин, мавҷудияти онҳо таҳдид ба арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунист. Бо омадани онҳо ба сари ҳукумат дар ҷомеа дигар барои таъ­рих тамаддун, илм, огоҳӣ, ҳунар, мусиқӣ, наққошӣ, хушӣ, озодӣ, муҳаббат, зебоӣ ва ғайра ҷой намемонад. Аз ин рӯ, ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳу озод бояд шахсан дар мубориза бо ин офати азим саҳм бигирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷафокорон ҳамроҳ шавад.

                Ифротгароёни навпайдои динӣ, ки асосан пайравони равияи салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ ҳастанд, фақат худро пайравони воқеии ислом дониста, ибодати мусулмононро дар доираи мазҳабҳо  қабул надоранд ва танҳо эътиқод ба тарзи салафиягии диндориро дуруст медонанд. Пешвоёни ин равия, ҳам дар масъалаҳои ақидатӣ ва ҳам ибодатӣ ин мавқеъро талқин ва таблиғ мекунанд.

               Масалан, дар рисолаи «Тавҳид»-и бунёдгузори ваҳҳобия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва дар рисолаи «Равиши намозгузории Паёмбар (с)»-и Носируддини Албонӣ - яке аз пешвоёни асосии салафияи муосир, метавон дид, ки чӣ тавр онҳо  талош намудаанд меъёрҳои мазҳабии исломиро нодуруст

нишон дода, равиши махсуси салафии худро ба пайравон омӯзонанд. Пайравони мавҷи нави ифротгаро - гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» бошанд, ғайр аз худ тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто уламои маъруфи олами исломро кофир эълон карда, қатли онҳоро раво медонанд ва ба ғорат бурдани моликият, зану фарзанди онҳоро барои худ дуруст мешуморанд.

                 Имрӯз шахрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд. Чаро онҳоро хоинони ватану миллат меноманд? Таркиби ҷинояти онҳо ҳамчун хоини ватану миллат дар чист?

Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гу-рӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақа, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷи-кистон мебошад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, ба сари қудрат омадани онҳо маънои аз байн рафтани давлати мустақил, ҷангу ҷидол, нобудии таъриху фарҳанг ва миллати моро дорад.

                Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик хоҳад буд. Яъне, барои аз байн бурдани давлату миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, мақсади онҳоро амалӣ мегардонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлату ватану миллати худ қарор мегирад, хоини ватан ва хоини миллат мешавад.

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ (26-уми июли соли 2015) дар бораи ин гуна шахсон гуфта буданд: «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан - Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

 

Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР,

директори Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипари намуда, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро паси сар кардааст.  Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи ҷашни бузург-Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон низ басо намоёну бузург аст. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгарои ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид. Ҳамин Пешвои мо буд, ки бо қувваҳои мухолифин дар гуфтушунид шуд, музокиротро дар доираи васеи сиёсат-самадорон анҷом дод ва ниҳоят ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амали гардонида, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа зами-наҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Сулҳи тоҷиконро ба даст овард, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандаги ифтитоҳ бахшид, вазъи  иҷтимои ва иқтисодии мардумро ба кулли беҳтар кард, ки аз он эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмиллали афзуд.

        Рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ҳамчун санаи фархундаи таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд ва он  ҳамчун дастоварди миллӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

        Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пос надош-тани арзишҳои муқаддаси соҳибистиклолии давлат ва Ваҳдати милли амали баръало равшани носипоси ва ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукри кардан гуноҳ буда, ватандӯсти аз имондорист.

Таърих исбот намудааст миллатҳое, ки баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд, имрӯз бисёр муваффақанд.             Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагон табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳм гузорем.              Ҳамчунин Ваҳдати милли дар баробари андешаи милли моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳими афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф зиёдтар таваҷуҳ зоҳир намоем. Масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту зираку ҳушёр эҳсос намоем. Аслан ба насли ҷавон талқин кунем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии милли ва ифтихори ватандори, пеш аз ҳама дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

        Дар ҳамаи динҳо, алал-хусус дини мубини ислом, тамоми ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд.  Ҳадафи ибодат низ соҳиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусулмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусулмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд».

        Чи тавре, ки огаҳи дорем бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд. Ҳар гуна рафтори бадро кӯркӯрона қабул меку-над. Тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд.

        Дар ҳамин ҳол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, падару модарон пеш аз ҳама мустаҳкам намуда­ни мафкураи милли дар ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандустиву ифтихори милли, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашари тарбия намудани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.

        Ҳамзамон ташаккули зеҳни, илми, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби дини, моҷароҷӯйи, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.

       Моро зарур аст, ки ба қадри суботу ороми бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкори, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон Тоҷикистон бошем. Бешак, Ваҳдати милли,  иттиҳоду ягонаги, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими халқиятҳои хирадманд ва сулҳпарвари Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

 

Меликмурод Қаландаров