ВАРЗИШ ВА ИСТИҚБОЛИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ
Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар ин замина, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд.
Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошт. Пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, на танҳо дар зарфи 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар тамоми паҳнои таърих барои миллати тоҷик беназир аст.
Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Сарвари оқили худ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақам мезананд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ варзиш ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди иҷтимоии кишвар рушд намуда, дастовардҳои варзишгарон ба як ҷузъи муҳими ифтихори миллӣ табдил ёфтаанд. Тибқи таҳлилҳои нашршуда, дар ин давра ҳам шумораи иншооти варзишӣ афзоиш ёфта, ҳам иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ густариш ёфтааст. Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.
Ҳамасола 10-уми август дар кишварамон Рӯзи варзишгарон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Барои мо миллати тоҷик мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар партави сиёсати дурандешона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мо сол аз сол саҳми худро дар пешрафти ин соҳа гузошта истодаанд.
Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад.
Ё ба таъбири дигар, варзиш василаи беҳтарини муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳимми беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар дарвони 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Соҳаи варзиши мамлакат аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумурии Тоҷикистон қадамҳои нахустини худро аз таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд.
Маҳз дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон буд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз қадамҳои аввал фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи соҳаи варзиш давра ба давра барномаҳои соҳавӣ қабул гардида истодааст.
Тавре маълум аст, варзиш қосиди сулҳ ва ваҳдати миллатҳо ба ҳисоб рафта, он беҳтарин воситаи таҳкими дӯстӣ ва якдилӣ ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки тайи чан соли охир бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, он ҳамчун воситаи муҳими эҳё ва рушди маҷмӯи бозиҳои миллии варзишӣ баромад менамояд.
Қобили қайд аст, ки эҳё намудани намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки варзишро ҳамчун қосиди сулҳ ва беҳдошти саломатӣ арзёбӣ карда, ба қадри суботу оромӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои хоҷагии халқи кишвари азизамон – Тоҷикистон бошем.
НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ҶАМЪБАСТ ВА ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА МУАЙЯН ГАШТАНД
9-уми июли соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо баррасии масъалаҳои зерин:
1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолият давоми нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти минбаъда;
2. Оид ба натиҷагирии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати саҳми вакилони ҳизбӣ дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносии худогоҳии миллӣ»;
3. Тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ барои нимсолаи дуюми соли 2026;
4. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
5. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ;
6. Дар бораи таъсис ва тасдиқи Ситоди ноҳиявии «Обуна - 2027»;
7. Дар бораи баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул ба сафи аъзои ҳизб, баргузор гардид.
Дар кори маҷлис узви Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина Исмоил, ҳамзамон, кормандони масъули ҳизбӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, вакилони ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», раисон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ даъват шуда, дар маҷлис ширкат доштанд.
Пас аз интихоби Раёсати кори маҷлис, тасдиқи рӯзномаи маҷлис, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи регламети кори маҷлис, дар доираи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 гузориши муфассал дода, аз ҷумла зикр намуд, ки:
- Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, қарорҳои Анҷумани XV-уми, маҷлисҳои Раёсату Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилиҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Аз ҷумла, бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъатбахшии корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили корҳои анҷомдода мебошад.
Баъд аз анҷоми ҳисобот ва вазифагузориҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид, ки фарогири ҳамаи самтҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ буд, тибқи тартиби муайянгашта дар доираи масъалаи дуюм - оид ба натиҷагирии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати саҳми вакилони ҳизбӣ дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносии худогоҳии миллӣ» ҳисоботи муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ Исмоилзода Зарина Исмоил шунида шуд.
Номбурда зимни ҳисоботи худ аз ҷумла, таъкид сохт ки:
-Дар ҳошияи ташаббусҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, аз ҷумла вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии Роҳатӣ, №34 Аҳлиддин Шарифзода бо сарфи зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ сохтмони 2 парчампоя дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки ин ба симои бинои маъмурии Кумитаи иҷроия ва дар маҷмӯъ, симои кӯчаи Ҷавонони шаҳраки Сомониён ҳусни дигар зам намуд.
Иқдомоти созандагиву бунёдкорӣ аз ҷониби дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, махсусан, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Салимзода Нусратулло Файзулло дар мумфаршкунии роҳи автомобилгарди байни шаҳраки М. Турсунзода ва деҳоти Зайнабобод, инчунин вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии Мавҷ, №6 Мансурбек Алиев бо таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии беш аз 500 метр роҳи дохилии деҳаи Мавҷи шаҳраки М. Турсунзода, Гулоб, №8 Фаррух Гурезов бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар тахту ҳамвор ва бетонпўшкунии роҳҳои дохилии деҳаи Гулзори деҳоти Султонобод, Теппаи Самарқандӣ, №36 Фарҳод Неъматов бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар таъмири роҳҳои дохилии деҳаҳои Навобод ва Нилкони деҳоти Роҳатӣ, Баҳористон, №16 Фарҳод Баротов дар таъмири бомпӯш ва майдончаи варзишии филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и деҳаи Себистон, Эсанбой, №19 Раҳматҷон Ахунов бо ҷалби аҳолии деҳаи Ишқобод дар таъмиру азнавсозии синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, Навобод, №38 Амриддин Бобоҷонов бо сохтмони иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - корхонаи истеҳсолӣ бо фарогирии сехҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, нонвойхона, нуқтаи дандонпизишкӣ, дорухона ва маркази хизматрасонӣ бо сарфи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва ташкили 50 ҷойҳои кории нав, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани сокинони кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Навобод бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ, инчунин таъмиру азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №120 ва дигарон дар давраи ҳисоботӣ идома ёфта, онҳо дар бунёдкориву ободонии манотиқи гуногуни ноҳия саҳми арзанда гузоштанд.
Вале новобаста аз корҳои дар ин самт анҷомдодашуда вобаста ба имконоту дастараст натиҷаҳои ба дастомада ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд ва бо дарназардошти иҷрои ҳатмии бандҳои дахлдори Барномаҳои пешазинтихоботии аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, инчунин Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ҳар яки мо вазифадорем, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷда корҳои бунёдкориву созандагиро тавсеа бахшида, соли 2026-ро бо натиҷаҳои аз ин ҳам хубтар ҷамъбаст намоем.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис бошад, мутахассиси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Салимова Манзура Асатуллоевна баромад карда, лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакиро барои нимсолаи дуюми соли 2026 ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Пас аз анҷоми баррасии пурраи масъалаҳои якум, дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис, дар доираи музокираҳо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ворисони Рӯдакӣ» Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ, «Риёзиёт» - Камолов Баҳодур Шокирович ва «М. Ашрафӣ» - Мирзоева Сабоҳат Шариповна ба сухан баромада, бо дарназардошти натиҷаҳои ба дастомада фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва гурӯҳи вакилии ҳизбиро дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ давоми нимсолаи якуми соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ карданд ва ҳозирин пас аз анҷоми муҳокимаву музокирарониҳо оид ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар доираи баррасии масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзномаи маҷлис ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Раёсати он бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Раёсти маҷлис тағйирот ворид карда шуд.
Масъалаи шашуми рӯзномаи маҷлис - таъсис ва тасдиқи Ситоди ноҳиявии «Обуна - 2027» дар баромади мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Аҳмадзода Раҳмулло Аҳмад мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ диққати раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва шахсони мутасаддӣ ба масъалаи саривақт таъмин намудани иҷроиши нақшаи дар ин самт пешбинигардида ҷалб гардида, бо қабули қарори дахлдор Ситоди ноҳиявии «Обуна - 2027» таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ гардид.
Баъд аз муҳокимаву баррасии пурраи масъалаҳои мазкур Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолият давоми нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти минбаъда, вобаста ба тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул (хориҷ, боздошт) - и аъзои ҳизб қарори дахлдор қабул кард.
Дар анҷоми кори маҷлис бошад, як қатор яъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардонидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, доштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва таблиғу ташвиқи ғояҳои инсондӯстонау раиятпарварона, инчунин мусоидат намудан дар ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ, дар арафаи таҷлил аз ҷашни муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуданд.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек, костюм, толпа и текст
ИҶЛОСИЯИ VIII МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
1-уми июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода Иҷлосияи VIII Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия масъалаҳои муҳимми марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф, қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ, номгузории муассисаи таълимӣ, банақшагирии шаҳракҳо, рушди ободонии ноҳия, масъалаҳои кадрӣ, тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома маърӯза ва ҳисоботҳои дахлдор шунида шуда, миёни вакилон мубодилаи афкор сурат гирифт. Инчунин, ба сохторҳои масъул барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Возможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст