Бо садо додани Суруди миллӣ Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ хотима пазируфт.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо риояи фарҳанги сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар он фаъолона ширкат варзиданд ва ба номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.