14 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси Маҷлис Азизулло Исматзода,  Иҷлосияи XIV (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ноҳия, вакилони халқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони дигар идораҳои ноҳия ширкат доштанд.
             Дар Иҷлосияи ғайринавбатӣ ду масъала аз ҷониби вакилон мавриди муҳокима қарор дода шуд:
         - Пешбарии номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, №5;
          - Тасдиқи рӯйхати вакилони интихобкунандаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, №5.
          Тибқи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия номзадии раиси ноҳия Азизулло Исматзода  ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон якдилона пешбарӣ карда шуда, зимнан, рӯйхати вакилони интихобкунанда тасдиқ карда шуд.
        Дар маҷмӯъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда 5 қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқ қабул карда шуд.