Дар робита ба матлаби таҳиянамудаи Анна Мифтахова, ки дар сомонаи Asia-Plus ба нашр расидааст, зарур аст баъзе нуктаҳо барои равшан гардидани воқеият баён шаванд.
Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи фаъолияти паноҳгоҳи сагони шаҳрванд Римма Аглиулинаро бетафовутона баррасӣ накардаанд. Баръакс, барои ҳалли қонунии масъала ба ӯ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Эсанбой қитъаи замин пешниҳод карда шудааст. Ин иқдом далели омодагии мақомоти маҳаллӣ барои мусоидат ва ба низоми ҳуқуқӣ даровардани фаъолияти паноҳгоҳ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ матлаби дар сомонаи «Азия-Плюс» нашршударо вобаста ба фаъолияти паноҳгоҳи ба ном «ихтиёрӣ»-и шаҳрванд Римма Аглиулина мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, бо мақсади пешгирӣ аз таҳриф ва паҳншавии маълумоти яктарафа, нодуруст ва эҳсосотӣ, зарур мешуморад, ки мавқеи расмӣ ва қатъии худро иброз намояд. Бояд таъкид кард, ки мақомоти давлатӣ ҳеҷ гоҳ ҷонибдори муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот набуд ва нест. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст ва ҳеҷ як фаъолият, новобаста аз шиор ё нияти эълоншуда, наметавонад берун аз доираи қонун сурат гирад.

Муайян гардид, ки фаъолияти паноҳгоҳи шаҳрванд Римма Аглиулина бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, бидуни хулосаи мақомоти байторӣ, санитарӣ ва экологӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории даҳҳо саги дайду дар маҳалли зист, бе инфрасохтори зарурӣ, бе эмгузаронӣ ва назорати мутахассисон, на танҳо амали ғайриқонунӣ, балки таҳдиди воқеӣ ба саломатӣ ва амнияти аҳолӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки фаъолияти мазкур нахуст дар мавзеи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Тибқи маълумоти дастрас, бинобар риоя нагардидани талаботи санитарию гигиенӣ ва мавҷуд будани эродҳои мақомоти масъул, фаъолият дар он маҳал идома пайдо накард. Баъдан ин фаъолият ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд, бе он ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва хулосаҳои дахлдор гирифта шаванд. Ин ҳолат аз такроршавии беэътиноӣ ба талаботи қонун шаҳодат медиҳад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд

Имрӯз, 10-уми феврали соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода бо соҳибкорон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ташкилоту идораҳои масъул иштирок намуданд.

И.в. раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки соҳибкорӣ дар шароити кунунӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди кишвар буда, ҳамчун бахши муҳимми истеҳсолот, заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ, манбаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ ва воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, саҳми соҳибкорон дар ғанигардонии буҷет ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз меафзояд.

Нусратулло Салимзода иброз дошт, ки соҳибкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ яке аз бахшҳои муҳимми пешбарандаи иқтисоди маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи қарорҳои давлату Ҳукумат ва амру супоришҳои Пешвои миллат, устувор гардонидани вазъи молиявию иқтисодӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои воқеӣ нақши назаррас мебозад.

Таъкид шуд, ки саҳми бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия қариб 100 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми соҳибкорон дар соҳаи зироаткорӣ 72 фоиз ва дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, 100 фоизро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ аз 44 адад дар соли 2010 ба 177 адад дар соли 2025 расида, яъне, қариб 4 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Нозироти андоз, танҳо дар соли 2025 тавассути «Равзанаи ягона» дар ноҳия 8285 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба беш аз 8 ҳазору 600 соҳибкор ба маблағи зиёда аз 121 миллион сомонӣ қарз ҷудо гардида, ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ба 150 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад.

И.в. раиси ноҳия аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ ёдовар шуда, афзуд, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2025 соҳибкорон ва аҳолии ноҳия ба маблағи зиёда аз 21 миллион сомонӣ дар сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳҳо, иншооти варзишию фарҳангӣ ва дигар корҳои иҷтимоӣ саҳм гузоштаанд.

Дар идома зикр шуд, ки корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маром идома дошта, аз 369 иншооти ҷашнӣ то 1 январи соли 2026, 352 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар фарҷом и.в. раиси ноҳия саҳми соҳибкоронро дар рушди ноҳия арзишманд арзёбӣ намуда, онҳоро ба ҳамкории боз ҳам зич бо мақомоти маҳаллӣ даъват кард.