Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо иштирокчиён намоишгоҳи оростаи занону модарони ҳунарманди ноҳияро тамошо карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Зимни сухани табрикӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода тамоми модарону бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модарон самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ таманно кард. Гуфта шуд, ки дар нахустин рӯзҳои фасли зебои табиат – баҳор - айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат фаро расидани рӯзи Модарон басо рамзист, зеро ҳамон гуна ки Модар фидокор аст, баҳор низ фасли бедоршавии табиат, шукуфтанҳо ва созандагиҳост.
Қайд гардид, ки имрӯз дар натиҷаи сиёсатҳои хирадварзонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар нисбати модарон ва занону бонувон ин қишри ҷомеаро вазифадор месозад, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои созанда ва неки ҷамъият, тарбия насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати халқ беш аз пеш саҳмгузор бошанд.
Пас аз сухани табрикӣ раиси ноҳия ба як қатор занону модарони фаъол, занони собиқадор барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро тақдим кард. Илова бар ин, ду нафар модароне, ки ду ва зиёда фарзандони худро ба хизмати Модар-Ватан сафарбар намудаанд, бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангии иборат аз савту наво, таронаву сурудҳои ҷолиб ва саҳнаҳои тарбиявиро пешкаш гардониданд.