Санаи 21- уми феврали соли 2026 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, муҳтарам Салимзода Нусратулло, бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Эсанбой ташриф оварда, аз рафти корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии «Хоҷабулбулон» шинос гардид.
Зимни боздид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия аз фаъолияти пойгоҳҳои обрасонӣ дидан намуда, барои омодасозии пурраи муҳаррикҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки таъмини саривақтии об омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо буда, фаъолияти мунтазаму босифати пойгоҳҳои обкашӣ заминаи рушди соҳаи кишоварзиро фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, масъулин вазифадор шуданд, ки ҷиҳати таъмири босифат ва истифодаи самараноки имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мутахассисони соҳаро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.
Ҳамзамон, зимни боздид аз заминҳои кишоварзии ҷамоат ба масъалаи кишти шолӣ, полезӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Барои таъмини обёрии босамари онҳо ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Дар идомаи сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия аз вазъи роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ҷамоат низ боздид намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва ба роҳ мондани корҳои таъмиру тармим ба мутахассисони соҳа супоришҳои дахлдор дод.

