БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

      Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар таъмин ва иҷрои ин ҳадафи стратегӣ соҳаи аграрӣ масъул мебошад ва барои бароварда сохтани талаботи аҳолӣ ба маводи хушсифати ғизоӣ, таъмини бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар сол то сол имкониятҳои нав фароҳам мешаванд.

      Ноҳияи Рӯдакӣ дорои имкониятҳои васеи рушди соҳаи аграрӣ буда, таъминкунандаи асосии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо деҳқонону кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳама самтҳои хоҷагидороӣ фаъолият бурда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, аз заминҳо гирифтани 2-3 ҳосил дар як мавсим ва зиёд намудани майдони кишт талошу кушиш ба харҷ дода истодаанд.

      Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, аз ҳолати самаранок истифода бурдани замин дар ноҳия, иҷрои нақшаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, кишти картошка, кишти пахта, истеҳсоли пилла, ҳолати обёрии заминҳо, тозагии ҷӯйу заҳбур ва тозагии гирду атрофи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуданд.

      Дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҳамроҳии муовини директори Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Зуҳурзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ва раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз фаъолияти яке аз гармхонаҳо, ки ба парвариши бодиринги барвақтӣ машғул аст, шиносоӣ пайдо намуда, ба хоҷагидорон маслиҳатои муфид доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ТАҶЛИЛИ ТАНТАНАВИИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, давлат ва Ҳукумат ҷиҳати иҷрои муқаррароту уҳдадориҳои хеш дар самти танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, таъмини зиндагии шоиста ва муҳайё кардани шароити созгори иҷтимоӣ барои оилаҳои ҷавон пайваста талош меварзад. Дар радифи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳру навоҳии мамлакат конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои сатҳи гуногун гузаронида шуда, масъалаҳои марбути оила, ҳаёти хонаводагӣ, тарбияи фарзандон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

     Ба истиқболи Рӯзи байналмилалии оила рӯзи 13-уми майи соли 2024 бо ташаббуси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

     Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода бо сухани ифтитоҳӣ ба ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд. Зикр гардид, ки гиромӣ доштани оила ҷузъи муҳимми фарҳанги волои мардуми мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пойдории оила, тақвияти мақоми оила ҳамчун ниҳоди муқаддас ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон саъю кӯшиш намоем.

     Дар идома, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Зебониссо Расулзода оид ба мавзуъҳои ҳуқуқу уҳдадориҳо, муносибат, вазифа ва рисолати оила дар  ҷомеа суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модар саҳми аввалиндараҷа доранд. Волидонро мебояд, ки барои ташаккули ҷомеаи солим ба таълиму тарбияи фарзанд ва таъмини фазои созгори оилавӣ   диққати ҷиддӣ диҳанд.

     Дар ҷараëни ҷамъомад ба чор ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардида, ҳамзамон ба волидони ҳашт нафар тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд дода шуд.

     Инчунин, аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия се оилаи намунавӣ муайян ва бо Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҷойи аввал ба оилаи Султоновҳо аз ҷамоати деҳоти Чоргултеппа дода шуд. Аз ин оилаи намунавӣ чор нафар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намудааст. Ҷойи дуюмро ба оилаи Шариповҳо аз ҷамоати деҳоти Роҳатӣ доданд. Ҷойи сеюм ба оилаи Алиевҳо аз ҷамоати деҳоти Гулистон, ки се нафар фарзандашон хизмати Модар-Ватанро адо кардаанд, сазовор дониста шуд.

     Бояд қайд намуд, барои муайян намудани оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳо низ озмун баргузор гардида буд. Оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз ҷумла, оилаи Азизовҳо аз ҷамоати шаҳраки Сомониён, оилаи Алибековҳо аз ҷамоати деҳоти Зайнабобод  ва дигар оилаҳои намунавӣ, ки дар сатҳи ҷамоат ғолиб гардида буданд, дар чорабинӣ ширкат варзиданд.

     Дар хотимаи ҷамъомад аз ҷониби сарояндаи ҷавону умедбахш Вайсиддини Шариф ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия базми савту суруд ва барномаи рангини консертӣ манзури иштирокдорон гардид.

 

 

 

 

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

      12-уми апрели соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар 3-моҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои 3-моҳаи дуюм баргузор гардид.

      Дар кори маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Агентии геодезӣ ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Абдуллозода, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

      Маҷлис бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз шуд.

      Дар идома муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода доир ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 3-моҳаи аввали соли 2024 баромад намуда, оид ба дастоварду мушкилоти давраи ҳисоботӣ гузориши муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки нақшаи  буҷети ноҳия аз рӯйи контингент дар 3-моҳаи аввали соли 2024 ба маблағи 63 млн 865 ҳазор сомонӣ ё ин ки 108 % иҷро гардид, ки нисбати нақша 4 млн 990 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, ба маблаги 55 млн 364 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондод 109 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва аз нақшаи пешбинигардида 4 млн 614 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

      Қайд гардид, ки новобаста аз иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷети ноҳия камбудиҳо дар ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз ҷой дорад. Бинобар ин, нозироти андози ноҳия ва раёсати молия вазифадор шуданд, ки барои ҳалли ин масъала ва фарогирии манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯйӣ намоянд.

      Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо маблағи 86 млн 395 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105.5%-ро ташкил медиҳад. Аммо дар ин самт низ ҳанӯз камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки айни замон дурнамои кишти картошка ва сабзавот ба пуррагӣ таъмин нашудааст. Кишти картошка 30.5% ва сабзавот 6.0%-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин, раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагидорон вазифадор шуданд, ки заминҳои обиро аз алафҳои бисёрсола холӣ намуда, дар он кишти пахта ва сабзавотро ба роҳ монанд.

     Ҳамчунин, ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷамъовароии саривақтии маблағи истифодаи об, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, хоҷагидоронро дар мавсими кишт бо оби полезӣ таъмин намояд.

     Гуфта шуд, ки талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти истифодаи замин натиҷаи дилхоҳ додааст.  Барои истифодаи ғайримақсадноки замин нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводҳо тартиб дода шуда, нисбати онҳо ҷарима ба маблағи 44 500 сомонӣ татбиқ гардид.

      Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 10 синфхонаи иловагӣ барои 1322 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, сохтмони 161 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия барои 4025 ҷойи нишаст идома дорад. Вале дар баробари дастовардҳо дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳо низ ҷой доранд. Бештар аз тарафи хонандагон вайрон намудани талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба назар мерасад.

      Раёсати маорифи ноҳия оид ба ислоҳи камбудиҳо дар самти кам будани муассисахои томактабӣ, нарасидани ҷойи нишаст, норасоии асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои фании физика, химия, биология ва норасоии китобҳои дарсӣ вазифадор гардид.

      Зикр шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 аз хисоби маблағҳои буҷет, соҳибкорон ва сокинони ноҳия 3 адад бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 4 адад бунгоҳи тиббии дигар дар марҳилаи анҷомёбист. Сохтмони бинои замонавии ёрии таъҷилӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ноҳия идома дорад.

      Дар хотимаи маҷлис раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.

      Дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии нохия дар 3-моҳаи аввали соли 2024 бо назардошти рушду пешрафт ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта қаноатбахш ҳисобида шуда, бо назардошти баромад ва пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.