Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Пешвои миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

Соли 2021 мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати Тоҷикистон таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ, пайваста эътиборашро афзуда, тавассути сиёсати хориҷии бисёрқутба ва пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоистаро ба даст овардааст.

Андеша

     Таърих гувоҳ аст, ки охири қарни бист ва аввали қарни бистуяк чӣ гуна фазои сиёсии Тоҷикистони азизро  абрҳои сиёҳ печонда гирифту мардум аз зиндагӣ дилсард гашта, яъсу ноумедӣ онҳоро  ҳамроҳу ҳамсафар гардида буд. Худо ба бахти ин миллати озодаафкор фарзонафарзандеро фиристод, ки ба ақлу заковати азалӣ кишварро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт.

      Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои мутараққии дунё  мавқеи худро устувор кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф  гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо бисёр пешравиҳо ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин, пеш аз ҳама, аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад, ки тавонист дар як марҳилаи кутоҳи таърихӣ кишвари ҷангзадаи моро аз вартаи нобудшавӣ раҳонида, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, эъмори иншоотҳои бузург, ба истифода додани роҳу пулҳо ва нақбҳо, биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва даҳҳо мисолҳои дигар самараи даврони истиқлолият мебошанд.

           Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ 1-уми октябри соли 2020, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию  террористӣ ва гирифтани таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баён гардиданд, аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтанд. Онҳо  тибқи нақшаи тасдиқгардида дар шаҳраку деҳоти ноҳия ва маҳаллаҳои осебпазир суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.