Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун ва таъйини тадвин аз истиқлоли хеш истиқбол дорад, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳуввияти хеш меҷӯем.

Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мост, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Корномаи қаҳрамони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТӢ

Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 июн дар арафаи ҷашни 24-солагии Ваҳдати миллӣ дар Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии "Беҳтарин мудир", "Беҳтарин котиби ҷамоат", "Беҳтарин ҳусни хат", "Беҳтарин бойгонӣ", "Беҳтарин суханвар" ва "Беҳтарин хизматрасон" дар байни котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.