- Диданд: 2
Имрӯз, 21-уми марти соли 2025 сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои тантанавӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Чун анъанаи нек субҳи барвақти рӯз занону бонувони фаъоли ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Султонобод маросими суманакпазӣ гузаронида, бо афрӯхтани оташ, иҷрои суруду таронаҳои халқӣ арӯси сол, рамзи Наврӯз - баҳорро ба ҷашнгоҳ гуселонданд.
Дар давоми рӯз чорабинии тантанавии бошукӯҳ дар боғи фарҳангию фароғатӣ идома ёфт. Дар ин макон, ки қабои наврӯзӣ ба бар карда буд, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои ноҳия бо ташкили намоишгоҳи густурдаи ҳунарҳои мардумӣ, таому хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ, хони наврӯзии «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», инчунин, дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ва бозиҳои миллии варзишӣ майдони наврӯзгоҳро идона оростанд.
Дар чорабинии ҷашнӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Дилдор Тошбекзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, муовини аввал, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва собиқадорону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Ҳайати роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон сараввал аз намоишгоҳи наврӯзии оросташуда дидан намуда, ба фаъолияти растаи ҳунармандон расман ифтитоҳ бахшиданд.
Дар идомаи чорабинӣ паёми табрикии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шунида шуд. Дар оғози сухан раиси ноҳия ҳозирин ва тамоми мардуми ноҳияи Рӯдакиро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику шодбош хонда, аз аҳаммият ва азамати ин ҷашн ёдоварӣ кард. Қайд гардид, ки ҷашни Наврӯз дорои фазилатҳои неку созанда ва муттаҳидкунандаи башарият буда, ҳазорсолаҳо инҷониб дар муҳити фарҳангии халқҳои олам ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст.
Маҳз унсурҳои инсондӯстонаи ҷашни Наврӯзро ба эътибор гирифта, Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд. Ҷашни Наврӯз миллати моро ба таври шоиста ҳамчун миллати бостониву дорои фарҳангу тамаддуни қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода дар суханронии хеш аз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷаҳонишавии Наврӯз ёдоварӣ намуда, эътироф ва таҷлили ин ҷашни бузургро дар сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки эҳё ва пос доштани суннату анъанаҳои ин ҷашни бузург вазифаи ҳар яки мо маҳсуб меёбад.
Сипас, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Дилдор Тошбекзода суханронӣ карда, тамоми ҳозирин ва мардуми шарифи ноҳияи Рӯдакиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд ва ба онҳо рӯзгори орому осуда ва ба кишвари азизамон - Тоҷикистон осмони софу беғубор ва фазои сулҳу суботи абадӣ орзу кард.
Пас аз суханрониҳои иштирокчиён қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз шуд. Дар ин қисмат ҳунармандон ва сарояндагони маъруф, аз ҷумла, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов суруду таронаҳои ҷолибу ҷаззобро пешкаши иштирокчиён намуданд. Бо пешниҳоди барномаи рангини театркунонидашуда ва рақсу оҳангҳои мардумӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро шод намуданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархунда ба 8 ҷуфт навхонадорон аз ҷониби раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардид. Ба 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ноҳия низ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дучарха туҳфа карда шуд.
- Диданд: 11
Бо ташаббуси бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ барои занону модароне, ки дар тозагии кӯчаю хиёбонҳои ноҳия ва муҳити озодаи он саҳми назаррас доранд, хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин иқдом қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба меҳнати шабонарӯзии занону модарон мебошад. Ҳангоми саёҳат ба иштирокчиён барои саҳми арзанда гузоштан дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои ноҳия изҳори сипос карда шуд.
Хатсайри сайёҳӣ субҳи барвақт аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониён оғоз гардида, ба самти Осорхонаи ноҳия ҳаракат намуд. Иштирокчиён аз Осорхонаи ноҳия дидан намуданд. Ба хотири болидаруҳии занону модарон ба онҳо бахшида ба таҷлили иди Наврӯз туҳфаҳо тақдим карда шуд.
- Диданд: 12
Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзҳои шанбе-якшанбе дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шанбегиҳои оммавӣ, ниҳолшинонӣ ва корҳои ободониву созандагӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти шанбегиҳои оммавӣ хиёбону маҳаллаҳо, канори роҳу гулгаштҳо, ҷӯйю обравҳо ва минтақаҳои аҳолинишин аз партовҳо тоза гардиданд. Ҳамзамон, дар роҳҳои маҳаллӣ корҳои бозсозӣ ва тахту ҳамворкунӣ ҷараён гирифта, сокинони маҳаллӣ дар он саҳмгузорӣ намуданд.
Аз ҳавои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳҳои аз ҳудуди ноҳия убуркунанда ва талу теппаҳо маъракаҳои оммавии ниҳолшинонӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот садҳо бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ дар рӯзҳои минбаъда низ то таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳия идома хоҳад ёфт.
Саҳифаи 1 аз 72