- Диданд: 36
ДАВРИ НОҲИЯВИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН»
Либоси миллӣ чун ҷузъи фарҳанг дар ҳама давру замон асолату наҷобати миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудааст. Эҳтиром ба либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарасӣ, бедор кардани завқи аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ ва бо ин васила тарғибу муаррифии фарҳанги миллӣ яке аз ҳадафи асосии сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегардад.
Имрӯз, 26-уми феврал дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо ва ҷашну солгардҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида шуд.
Дар фестивал тарроҳону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, аз рӯйи муқаррароти фестивал либосҳои қадимаи чакан, либосҳои чакани кӯдакона, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, инчунин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро пешкаши ҳакамон карданд. Аъзои ҳакамон аз намоишгоҳи оростаи аҳли ҳунари ноҳия дидан намуда, ба онҳо баҳои арзанда доданд.
Дар суханронии муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода зикр шуд, ки мақсад ва ҳадафи асосии баргузории фестивал баланд бардоштани ҳисси зебоипарасӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, бедор кардани завқи аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ, боло бурдани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ ва бо ин васила тарғибу муаррифии фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи "Чакан, ҳунари гулдӯзӣ" ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид.
Пас аз натиҷагирӣ ва баҳодиҳӣ ба ҳунари иштирокчиён ғолибону беҳтаринҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон муайян шуда, бо Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳхати даври ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА
"Насими айём"

м
м
м
- Диданд: 32
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД
Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ва иҷрои барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати давлатӣ ҳамкориҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо шарикони рушд идома доранд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби шарикони рушд дар соли 2025 як қатор ташаббусу иқдомҳои нек амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо иқдоми раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) як қисмати боми Китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ аз таъмир бароварда шуда, дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия синфхонаи пазандагӣ таъмир ва бозсозӣ гардид.
Ҳамзамон, бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) маҳфилҳои “Сарояндагони наврас” ва “Навозандагони наврас”-и Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо асбобҳои мусиқӣ, аз қабили саксофон, гитор, дутор, най, доира ва баландгӯякҳо таҷҳизонида шуда, маҳфили “Дӯзандагӣ” бо мошинаҳои дӯзандагию попурӣ, миз барои пора намудани либос, оверлог ва маҳфили “Пазандагӣ” бо тафдону яхдон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.
27-уми феврали соли ҷорӣ дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода, сардори дафтари миллии раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) Иван Салеев, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейджу ва сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Нуралӣ Ализода маросими тантанавии ифтитоҳи синфхонаҳо баргузор шуд.
Дар ҷараёни маросим муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода суханронӣ намуда, ба намояндагони ташкилотҳои мазкур ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд соли ҷорӣ дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия се синфхона аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия 13 маҳфил амал намуда, 13 маҳфили дигар дар муассисаҳои базавӣ фаъолият мебаранд.
Роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейджу дар баромади хеш иттилоъ дод, ки бо иқдоми ташкилот ва ҷалби мутахассиси соҳибтаҷриба дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасон оид ба тарзи истифодаи таҷҳизот ва гузаронидани дарсҳои замонавӣ бо омӯзгорон табодули таҷриба сурат хоҳад гирифт.
Зимни суханронӣ сардори дафтари миллии раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) Иван Салеев изҳор дошт, ки иқдомҳои мазкур хотимаи кор набуда, чунин ташаббусҳои нек дар оянда низ ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ идома пайдо хоҳад кард.
Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА,
«Насими айём»
- Диданд: 35
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 20-уми феврал ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шуруъ шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани шодбошӣ ҳозиринро бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Гуфта шуд, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём соҳибдавлату соҳибартиш будааст ва тибқи санадҳои таърихӣ аҷдоди мо бори аввал ҳанӯз дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён артиши касбӣ ташкил намуда буданд.
Артиши миллӣ ҳомӣ ва ҳифозатгари асосии Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии сарзамини муқаддаси кишвар дониста мешавад. Артиши миллӣ дар таърихи навини давлатдорӣ яке аз рукнҳои муҳимтарин ва сипари боэътимоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар пойдории оромии сиёсӣ, сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон нақши арзанда дорад.
Набояд фаромӯш кард, ки Артиши миллии мо аз замони таъсис то ба имрӯз масири душвори ташаккулро паси сар намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо сабаби аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ кишвари мо аз мероси ҳарбии давлати Шуравӣ пурра бенасиб монд. Вале новобаста ба ин, Тоҷикистони ҷавону навтаъсис тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номуси миллат Артиши миллиро аз сифр таъсис диҳад.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия оид ба масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки хизмати ҳарбӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу номус буда, ҳамчун қарзи виҷдонӣ ва имонӣ мебошад. Дар воқеъ мо бо далериву ҷасурӣ матонату заковати худ метавонем кишварамонро ба давлати тараққикарда табдил диҳем. Мо вазифадорем, ки мафҳуми бузурги Модар-Ватанро дар тафаккури насли наврас бо тамоми маънӣ парвариш диҳем, дар замири онҳо меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро ташаккул бахшем.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолони ноҳия ва афсарони сохторҳои қудратӣ барои хизматҳои шоиста бо медали ҷашнии "25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагони маъруфи ансамбли номдори эстрадии “Гулшан” суруду таронаҳои ҷаззоб ва фораму дилнишин дар мавзуъҳои Артиши миллӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ пешкаш гардонида шуд.

Саҳифаи 7 аз 73