Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати гиромидошти суннату фарҳанг, анъанаҳои неки ниёгон, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги ғайр, инчунин, тарғибу ташвиқи тарзи либоспӯшии миллӣ ва муаррифии тарҳу намудҳои наву муосири либоси миллӣ аксияи тарғиботии "Тоҷикона мепӯшем" идома дорад.
Аксияи мазкур имрӯзҳо бо ташаббуси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст.