Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати гиромидошти суннату фарҳанг, анъанаҳои неки ниёгон, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги ғайр, инчунин, тарғибу ташвиқи тарзи либоспӯшии миллӣ ва муаррифии тарҳу намудҳои наву муосири либоси миллӣ аксияи тарғиботии "Тоҷикона мепӯшем" идома дорад.