Бо ташаббуси бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ барои занону модароне, ки дар тозагии кӯчаю хиёбонҳои ноҳия ва муҳити озодаи он саҳми назаррас доранд, хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.
      Ҳадаф аз баргузории ин иқдом қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба меҳнати шабонарӯзии занону модарон мебошад. Ҳангоми саёҳат ба иштирокчиён барои саҳми арзанда гузоштан дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои ноҳия изҳори сипос карда шуд.
       Хатсайри сайёҳӣ субҳи барвақт аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониён оғоз гардида, ба самти Осорхонаи ноҳия ҳаракат намуд. Иштирокчиён аз Осорхонаи ноҳия дидан намуданд. Ба хотири болидаруҳии занону модарон ба онҳо бахшида ба таҷлили иди Наврӯз туҳфаҳо тақдим карда шуд.