Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани гӯшаи диёр, саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти ноҳия ҳайати мураббиён ва кормандони техникии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон кар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ санаи 15-уми марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби иштирокчиён 205 адад дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.
Аз рафти маъракаи ниҳолшинонӣ раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа Холназар Баротзода, роҳбари корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия Саймухтор Одилзода ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда, ташаббуси дастандаркоронро дастгирӣ карданд.