Рӯз, 2-юми апрели соли 2026 дар Ташкилоти ҷамъиятии -"Ҳаракат"- и ноҳияи Рӯдакӣ таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ - сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Зарина Исмоилзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТТ дар ноҳия Ҳамидзода Насимҷон, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Умеда Алимова ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон - «Ҳаракат» Иқбол Ҳайдаров иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, қайд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд дар мадди аввал қарор дорад. Ӯ зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳамеша дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, ки ҷиҳати беҳтарсозии шароити зист, фароҳамсозии дастрасии онҳо ба хадамоти иҷтимоӣ, тиббӣ ва маърифатӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ низ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти ноҳия ва ҳамкории мақомоти дахлдор дар самти ҳимояи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд дар арафаи иду ҷашнҳо тадбирҳои амалии муассир роҳандозӣ шудаанд. Раиси ҳизби ҲХДТ Ҳамидзода Насимҷон ба Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон - «Ҳаракат» ҷиҳати иқдомҳои нек ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони имконияташон маҳдуд изҳори миннатдорӣ баён дошта ба муносибати ҷашни Наврӯз онҳоро шодбош гуфт. Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъоли ташкилот Сипосномаҳо ва ба аҳли нишаст кӯмакҳо тақдим гардиданд.