Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаҳои минтақавӣ, 25  марказҳои саломатии деҳотӣ ва 59 бунгоҳҳои тиббӣ, ҳамчунин маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кат, дармонгоҳи дандонпизишкӣ, маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, маркази ёрии таъҷилӣ бо 12 автомашина дар 6 нуқтаи ёрии таъҷилии минтақавӣ, дорухонаи марказӣ, маркази солими репродуктивӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази ташаккули тарзи хаёти солим, маркази эмтаъминкунӣ ва маркази мубориза алайхи ВНМО (СПИД) ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар муассисаҳои тандурустии  ноҳия 333  нафар табибон  ва 1017 нафар коркунони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.

        Соли 2021 дар ноҳия бо мақсади татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ оид ба ҳифзи саломатии омма ва  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ, барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, баҳри пешгирии бемориҳо як қатор чорабиниҳо  гузаронида шуд.

      Дар соли 2021 дар беморхонаҳои ноҳия 13311 нафар бемор бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд, ки нисбати соли гузашта 117 нафар кам мебошад. Шумораи фавтидагон 25 нафар (соли 2020-52 нафар) буда, нисбати соли гузашта 27 нафар кам мебошад.

      Дар қатори корҳои назарраси дар соли 2021 амалигашта аз таъмири асосӣ баровардан ва бо  таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидани шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва бо катҳои функсионалӣ ва 4 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад кардиомонитор, 1 адад дастгоҳи сабти барқии дил, 1 адад дефибрилятор муҷаҳҳаз гардонидани шуъбаи наҷот ва беҳискунии беморхонаро номбар кардан мумкин аст.