Дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки ба доми гумоштагони ташкилоти байналмилалии экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» афтида, фирефтаи таблиғоти харобкоронаи онҳо мешавад. Гарчанде  фаъолияти ин ташкилоти ифротгарои моҷароҷӯй дар кишварамон манъ гардидааст, як фирқа гумроҳшудагон бе ягон андеша узвияти онро қабул мекунанд. Ҳамин тавр, ба як навкари фармонбардори ин таш­килоти пинҳонкори зиддидавлатӣ  табдил меёбанд. Бо супориши хоҷагони ҳизбиаш фаъолона аз пайи гирди худ ҷамъ овардани аъзою ҳамсангарҳои нав мешавад.

     Аз ин бармеояд, ки шояд на ҳама аз мақсаду ҳадафҳои ин ташкилот хабар дошта бошанд. Бояд гуфт, ки «Ҳизб-ут-таҳрир»  соли 1952 дар давлати Фаластин таъсис ёфта, мақсади ниҳоияш барпо кардани як хилофати исломӣ дар ҳудуди давла­тҳои мусулмоннишин мебошад. Онҳо ҳамаи давлатдориҳоеро, ки ҳоло дар қаламрави кишварҳои мазкур вуҷуд доранд, зиддиисломӣ ҳисоб мекунанд. Бинобар ҳамин, тарафдоронашонро ба ҷиҳод алайҳи ин давлатдориҳо ва бо зурӣ, бо роҳи мусаллаҳона сарнагун сохтани онҳо даъват мекунанд. Ҳамаи ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳои одамони бегуноҳ дар давлатҳои гуногуни мусулмонӣ, ки имрӯз ҷаҳонро ба даҳшат овардаанд, аз ҷониби пайравони, ана ҳамин ҷунбишҳои харобкор содир мегарданд. Фарқе нест, ки онҳо имрӯз ҳар ҷо ташкилоту гурӯҳҳо ва номҳои ҳархела доранд. Роҳи ҳамаашон як, вайрон кар­дани сохторҳои давлатӣ ва расидан ба мақсадҳои нопоки шахсиашон мебошад. Барои ҳамин бе гап нест, ки ҳоло онҳо дар минтақаҳои ишғолкардаашон конҳои нафтро соҳиб гардида, онро худсарона ба фурӯш баровардаанд, бонкҳо, молу мулки одамонро ғорат ва бо пули ҳамаи онҳо яроқи марговар харидорӣ мекунанд. Ният ва амалу кирдорҳои ғайриинсонии ифротгаорён  зидди Конститутсияи  амалкунандаи давалати мо буда, ба барҳам додани кишвари ободу осоиштаи мо равона гардидаанд. Ҳамин нияти бади «Ҳизб-ут-таҳрир»  буд,  ки ҳанӯз соли 2001-ум Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро дар  қаламрави кишварамон манъ карда буд. Амали аъзоёни  ин таш­килот дар бисёр давлатҳои дигар ҳам қатъ гардидааст.

     Аммо боиси нигаронист, ки ин гуна инсонҳо дар дунё яктову дуто нестанд. Одамони бегуноҳро дар Ироқу Сурия киҳо ба ҳалокат мерасонанд, гаравгон мегиранд, шаҳрҳоро хароб месозанд?  Аъзоёни ҳамин гурӯҳҳо, албатта.  Ҳамин гуна одамон ба халқи худ низ  хиёнаткоранд ва сад таассуф, ки онҳо аз  ноҳияи мо ҳам баъзе думравону бандагони хешро пайдо кардаанду дар хоки бегона ба кирдорҳои ғайриинсонии зидди мардумӣ: ба монанди ғорат ва қатлу куштори мусулмонон шарик шудаанд.

     Агар фикр карда бинед, решаи ҳамаи ин зуҳуроти нобахшиданӣ дар чаласаводиву бедонишии динӣ аст. Чунки агар онҳо савод медоштанд, мефаҳмиданд, ки гурӯҳбозӣ, тафриқаандозӣ  дар ислом гуноҳ аст. Ва шиаву суннӣ, ки ҳоло дар Ироқу Сурия бо ҳам меҷанганд, самараи ҳамин гурӯҳбозӣ дар ислом барои мансаб, барои тоҷу тахт аст. Мефаҳмиданд, ки ба як каси бегуноҳ ҳамла кардан назди Худо гуноҳи азим аст ва оқибати рафтори ҳар як кас  хоҳ диндор ва хоҳ бедин, дар дасти Худост. Бандагон ҳақ надоранд дар бораи имони касе ҳукм ба­роранду дар ҳамин асос ба ама­ли ваҳшиёнае даст бизананд. Мефаҳмиданд, ки дунё фақат аз мусулмонҳо иборат нест, ҳатто ҳамин Тоҷикистони мо ҳам. Дар олам дину мазҳабҳои гуногун ҳастанд ва ҳамаи онҳо ҳаққи мавҷудият доранду ҳукмкунанда фақат Худост, ки доност ба ҳамоне, ки кадомаш ҳақу кадомаш ноҳоқ аст. Инсон иҷозат надорад, ки ба хотири исботи дурустии ақидааш силоҳ бардорад.  Агар ин тавр мешуд, дунё дар хоку хун оғушта мегардид.

    Шукр, ки давлати тозаистиқлоли мо роҳи дунявии давлатдориро пеш гирифтааст, чунки он баро­барии динҳо, демократияро таъмин мекунад ва намояндагони ҳамаи динҳо дар ибодату эътиқодҳояшон озоданд. Кӯшиши зиёдаравӣ кардан, ақидаҳои яктарафаю ифротии гурӯҳҳои иртиҷоии исломиро аз хоки бегона ба Тоҷикистон овардану сари мардум бор кунонидан ягон оқибати хуб надорад. Ин гуна касон зидди тамоми ҷомеа мешаванд, ҳатто зидди падару модари худашон, аз падару модар, аз зану фарзанд даст мекашанд. (ба таърихи ҷанги шаҳрвандӣ нигаред).  Ҳақиқат ҳамин аст, ки мо бояд аз панду андарзҳои ниёгони  худ истифода карда, фарзандонамонро огоҳ кунем, ки ин тариқаи рафтору зиндагӣ  хатост ва оқибати хуб надорад. Мо бояд пеш аз ҳама маърифатпарвар бошем, бо дониш чашми фарзандонамонро кушоем. Махсусан, саҳми модарон дар ин кор хеле барҷаста буда, ба хотири он, ки онҳо фарзандонашонро хуб раҳнамоӣ  кар­да тавонанд, бояд худашон донишманд, аз оламу одам бохабар бошанд, ба саводомӯзии фарзандонашон дар мактаб эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Фақат ҳамон вақт мо аз ин ҳодисаҳои ногувор эмин буда метавонем, ки дар пешрафту шукуфоии давлатамон саҳмгузор бошему амнияти давлатамонро ҳифз карда тавонем.

Воҳидов Б.