Ҳамдиёрони гиромӣ!
Имрӯз ҳамаи мо баҳри таҷлили яке аз ҷашнҳои таърихии ниёгонамон, иди Сада дар ин майдон сарҷамъ омадем.
Бо фарорасии ин иди аҷдодӣ, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми ноҳияро табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, дар хонадонатон файзу баракат ва тинҷию осудагиро таманно менамоям.
Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагон онро ҳамчун ситоиши пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯз дониста, бо шукӯҳу шаҳомоти хоса, афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан, пешвоз мегирифтанд.
Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, аз гузаштани сардиҳои зимистон дарак медиҳад.
Барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро гирифта, мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.
Фирдавсии бузург пайдоиши ҷашни Садаро ба давраи Ҳушанг - подшоҳи дуюми сулолаи пешдодӣ нисбат дода, Абурайҳони Берунӣ бошад онро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурдааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои босто-нии тоҷикон Наврӯз ва Меҳргон ба Иди Сада низ умри дубора бахшида, акнун Сада ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Сада дар замони мо, таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Бо истиқболи ин рӯзи муборак барои кишоварзон мавсими шудгор, ниҳолшинонӣ, ба тартиб даровардани боғот, омода намудани олотҳои меҳнат, тоза кардани наҳру ҷӯйҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва азназаргузаронии захираи тухмӣ фаро мерасад.
Кишти тирамоҳии ғалла анҷом ёфта, шудгори заминҳо барои кишти баҳорӣ вусъат дода шуда, чорводорон ба маъракаи тулгирӣ омодагӣ меби-нанд.
Чун имрӯз, намоишҳои ниҳолу гулу тухмии зироатҳо барпо карда шуда, ин сабаб гардидааст, ки сол то сол, аз Сада то Сада майдонҳои боғ васеъ гардида, шудгори замин ва тозакунии наҳру ҷӯю заҳкашҳо сифатан беҳтар ба роҳ монда шавад.
Дар ноҳияи мо бошад, ин навгониҳоро дар мисоли дар масофаи тулонӣ тоза гардида истодани наҳри минтақаи Лоҳур, ки бо сабаби солҳо боз сифатнок тоза нагардиданаш, иқтидори пурраи обрасонииро гум карда буд, дидан мумкин аст.
Ва бо анҷомёбии ин иқдом мо умед дорем, ки дар мавсими навбатӣ заминҳои деҳоти Лоҳур низ пурра бо кишти асосӣ ва албата бо кишти такрории зироатҳо фаро гирифта хоҳанд шуд.
Дар мавсими омода намудани заминҳо, тухмӣ ва олоти меҳнат фаро расидани иди Сада басо рамзӣ буда, дар радифи иди Меҳргон, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлилаш далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Ҷашни Сада чорабинии аввалини ноҳия дар доираи ҷашнгириҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ мебошад.
Корҳои омодагӣ ба истиқболи шоистаи ин ҷашни мубораку муқаддас дар тамоми гӯшаву канори ноҳия оғоз гардидааст.
Умед дорам, ки мардуми шарафманди диёр, сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Пешвои миллатро ҷиҳати таъмини ҳадафҳои олии мардум, нақша-ҳои бузурги бунёдкорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамчу-нин дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Сарвари давлатро, ки дар ҷараёни ироаи Паёми Президенти кишвар ба мақоми олии қонунгузории мамлакат 26 январи соли ҷорӣ баён гардиданд, сармашқи ободкориҳои навини худ намуда, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли кишвар, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҳамдиёрони гиромӣ, бигзор ҷашнҳои миллӣ ва аҷдодиамон ҳамеша поянда, Ваҳдати миллии мо комил ва зиндагониямон доимо тинҷу осоишта бошад.
Бори дигар мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, бароятон рӯзгори хушро таманно менамоям.
Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!