МОДАР - САРЧАШМАИ МЕҲРУ ҲАЁТ

Рӯзи 7-уми марти соли 2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, собиқадорон, занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ иштирокчиён намоишгоҳи осори санъату адабиёт ва ҳунарҳои мардумиро, ки занону модарони чирадасти ноҳия дар саҳни Қасри фарҳанг ороста буданд, тамошо карданд.

Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ чорабирии идона шуруъ шуд. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани табрикӣ тамоми модарону бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ таманно кард. Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола ба санаи 8-уми март рост меояд, басо рамзист, зеро ин ҷашни муқаддас аз бедориву эҳёи табиат, оғози фасли зебоиофари баҳор ва фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай мужда мерасонад.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати занон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2021-2030 бомуваффақона амалӣ гардида истодаанд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ теъдоди занону духтарони соҳибмаълумот сол ба сол зиёд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кору фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 18 нафар зан фаъолият менамояд, ки аз онҳо 2 нафар занони роҳбарикунанда мебошанд. Дар соҳаи маориф 4027 нафар (64 нафар роҳбар), соҳаи тандурустӣ 1172 нафар (27 нафар роҳбар), соҳаи фарҳанг 80 нафар (5 нафар роҳбар) кору фаъолият доранд.

Шумораи занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 517 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон 3741 нафар мебошад. Шумораи намояндагони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби занон 11 нафар ва вакилони ҷамоати деҳот бошад 82 нафар аз ҳисоби занон мебошанд. Ҳамзамон, 410 нафар занону духтарони хонанишин низ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки саҳми онҳо низ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа назаррас аст.

Пас аз сухани табрикӣ раиси ноҳия ба як қатор занону модарони фаъол барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро тақдим кард. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси ноҳия ба ғолибони мусобиқаи волейбол ва шоҳмот, ки миёни духтарону бонувони ноҳия баргузору ҷамъбаст гардида буд, туҳфаҳои пулӣ супорид.

Дар хотимаи чорабинии тантанавии Рӯзи Модар аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини консертии иборат аз таронаву сурудҳои марғуб пешкаш шуд.