Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба ҷойҳои таърихӣ, сайёҳӣ махсусан мавзеъҳои кӯҳӣ Нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва нақшаи чорабиниҳои бахши сайёҳӣ Хатсайри сайёҳии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба мавзеи сайёҳию кӯҳӣ, ки ин навъи сайёҳӣ дар табиат бо истифода аз хаймаҳои махсус роҳандозӣ мегардад, ба тасвиб расида, имрӯзҳо роҳандозӣ гардида истодааст.

     Санаи 25-уми апрели соли 2026 кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба мавзеи сайёҳию кӯҳӣ дар ҷамоати деҳоти Қиблаӣ сурат гирифт. Боиси ифтихор аст, ки чунин мавзеъҳо макони сайёҳони дохилию хориҷӣ гардида истодааст. Ба тамоми хоҳишмандон барои сайёҳӣ ин мавзеъро тавсия дода гуфтанием, ки дастгирии мо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташаккули сайёҳии дохилӣ ин ба маконҳои сайёҳӣ рафтан ва онҷоро барои як рӯзи хубу бо фароғат худ истифода намудан аст.

     Боис ба ёдоварист, ки дар ин мавзеъ хаймаҳо гузошта шудааст, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо истифода карда, бо аҳли оила ё гурӯҳ истироҳат карда метавонанд. Ҳамзамон сайёҳон метавонанд дар ин мавзеъ аспсаворӣ намоянд. Дар ин ҷо тамоми шароит барои истироҳати сайёҳӣ дар кӯҳ фароҳам оварда шудааст.