Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ иштирок доштанд ва бо «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Фестивал аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуда, ҳадаф аз он вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳаштум аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида мешаванд.

