Рӯзи даъватшаванда. 2023-2024
Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ маросими даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони « Рӯзи даъватшаванда « баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, бари ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушëрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида итодааст , ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиëриëни ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст.
Ҳамчунин, Модари даъватшаванда Анвар Каримов аз шуҷоату қаҳрамонии навҷавонон ва ташабусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Даъватшаванда Анвар Каримов иброз дошт, ки ман ҳамчун як ҷавони ватандӯст ва содиқи кишвар аз кулли ҷавонони Тоҷикистон даъват ба амал меорам , ки омада ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, аз ин мактаби далерӣ, шуҷоат ва матонат гузашта, қарзи ҷавонмардии худро ба ҷо оранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, аз ноҳия зиëда аз 100 – нафар ҷавонон, ихтиëран барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан, омода буданд.
Дар анҷоми чорабинӣ, барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ, баҳри болидарӯҳии наваскарон аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия пешниҳод гардонида шуд.