5-уми марти соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.      Дар вохӯрӣ муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, роҳбарият ва кормандони раёсати маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони муассисаҳои томактабӣ иштирок намуданд.

     Зимни суханронии худ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода иброз дошт, ки аҳли зиё, хусусан омӯзгорон бояд дар ҳама самт пешсаф ва намунаи ибрати дигарон бошанд. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми калидӣ дошта, баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими пояҳои ахлоқию ватандӯстӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли маориф маҳсуб меёбад.

     Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар назди аҳли маорифи кишвар вазифагузорӣ намудаанд, ёдовар шуда, таъкид кард, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо масъулияти бевоситаи тамоми сохторҳо мебошад.

     Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бо кормандони соҳаи маориф доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва шароити мусоид фароҳам овардан барои илмомӯзии хонандагон, иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо, тозагии саҳни мактабу синфхонаҳо тарбияи насли наврас, иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибтахассус суҳбат намуда, ҷиҳати таҳкими пояҳои устувори маориф дар ҷоиеаи имрӯз ба ҳозирин дастуру супоришҳои судманд доданд. Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон суханронӣ намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки дар фаъолияти минбаъдаашон ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, корро дар ин самт ҷоннок намоянд.