Имрӯз, 17-уми феврал дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов вохӯрии прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Мутеъулло Раҷабзода бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
Чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, бахшида шуд.
Дар оғози вохӯрӣ директори муассиса Салоҳидин Разоққзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳадафу аҳаммияти чорабиниро шарҳ дод. Сипас, сухан ба прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Мутеъулло Раҷабзода дода шуд.
Зимни баромади худ прокурори ноҳия муҳтавои Паёми Сарвари давлатро дар самти таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар рушди устувори кишвар муфассал тавзеҳ дод.
Илова бар ин, прокурори ноҳияи Рӯдакӣ дар хусуси масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, риояи бечунучарои талаботи қонунгузории кишвар дар самти масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, танзими ҷашну маросим, истифодабарии мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии оворагардии шабона, мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, роҳ надодан ба бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, риояи пӯшидани сару либоси миллӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба корҳои созандагиву ободонӣ ва ташаккули эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҷомеа андешаронӣ кард
Таъкид гардид, ки Паёми Президент ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва аҳли маориф, хидмат намуда, иҷрои дастуру супоришҳои он заминаи муҳим барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.