Рӯзи 2-юми марти соли 2026 дар толори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии мушовараи раёсати маориф аз рӯйи се масъала баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, сардори раёсати маорифи ноҳия Нуралӣ Ализода, кормандони масъули раёсат, роҳбарони марказҳои таълимӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро сардори раёсати маорифи ноҳия ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаи таълим, раванди таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳибихтисос, раванди таълиму тарбия суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимӣ, ҳамоҳангсозии дурусти кор бо омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти маориф аз муҳтавои асосии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши маориф бармеояд.
Сипас, муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода оиди сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи ҷаҳонӣ, шинонидани гулу ниҳолҳо, самти даъвати ҳарбӣ ва санҷиши боғчаҳо, инчунин
дар мавзуи таҳкими масъулияти шахсӣ ва хизматии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои назорати раванди таълим, иҷрои дастуру супоришҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои
дахлдор қабул гардид.

