3-юми апрели соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз ҷаласа иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат буда, дар он масъалаҳои пешгирии муноқишаҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, таъмини иштироки фаъоли хонандагон дар дарсҳо, пешгирии гаравидани омӯзгорону хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, пешгирии паҳншавии андешаҳои хурофотӣ миёни хонандагону омӯзгорон, гироми дошти арзишҳои миллӣ, риояи аз бар кардани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон дар масъалаи ба бар кардани либосҳои тавсиявӣ, сабзу хуррам гардонидани атрофи муассисаҳои таълимӣ,