Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба арҷгузорӣ ба заҳматҳои собиқадорон, дастгирии оилаҳои ниёзманд, хабаргирии маъюбону барҷомондагон бо ташаббуси иттифоқи касабаи соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина, раиси иттифоқи касабаи соҳаи маориф Ҷумаев Илҳом, намояндаи раёсати маориф Давлатова Гулбутта ба аёдату дидорбинии собиқадорони соҳаи маориф рафтанд.
Дар ин иқдом ба собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Модарони рӯзгордида дар навбати хеш аз сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ шукргузорӣ намуда, заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди босуботи кишвар махсус таъкид намуданд ва барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дасти дуо кушоданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва иттифоқи касаба дар арафаи идҳои давлатӣ ҳамеша аз ҳолу аҳволи ятимону маъюбон, собиқадорону барҷомондагон хабар мегирад ва онҳоро ба тӯҳфаҳои хотиравӣ шод менамояд. Ин иқдоми нек идома хоҳад ёфт.