Иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сомониён"-и ноҳияи Рӯдакӣ
1-уми июни соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шуруъ гардиданд, ки асоси онро қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 9 апрели соли 2022 ташкил медиҳад.
Имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сомониён" ба кори худ шуруъ намуд. Зимни суханронӣ ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ шуда, фаъолияти ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоии "Сомониён" қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Абдуҷаббор Азизӣ диққати аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба масъалаҳои тақвиятбахшии корҳои дохилиҳизбӣ, бартараф кардани камбудиҳои дар Махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб ҷойдошта, вусъат бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ ва ба ин васила, дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ҳифзи марзу бум, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонону наврасон, таъмини иҷрои ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар маҷмуъ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, беҳтарсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва барҳамзании бетарафии аҳли ҷомеа, воқеъбинона баҳогузорӣ намудани вазъияти дохил ва хориҷи кишвар, нишон додани вокунишҳои саривақтӣ ба матолиби муғризонаи дар шабакаҳои интернетӣ нашршаванда, самараноку оқилона ва мақсаднок истифодашавии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ, захиракунии маводи хӯрока барои на кам аз ду сол ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.
Дар анҷоми маҷлис Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар фазои тантанавӣ ба се нафар аъзои ҷавони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сомониён"шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд
Зимнан, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия шинос гашта, бо мақсади саривақт ва бо сифати баланд мавриди истифодабарӣ қарор додани бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.
Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/475
