Рӯз, 23-юми апрели соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ семинари минтақавии илмию амалӣ таҳти унвони «Тартиби амалисозии чорабиниҳои ветеринарӣ дар хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ» баргузор гардид.

      Чорабинии мазкур бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти тибби ветеринарӣ дар доираи нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар роҳандозӣ шуд. Дар саминар директори Институти тибби ветеринарии Академия, номзади илмҳои ветеринарӣ Раҷабмурод Атовуллозода бо маъруза баромад намуда, аҳаммияти татбиқи дастовардҳои илмиро дар рушди соҳаи чорводорӣ махсус таъкид кард.

      Дар қисмати илмии чорабинӣ як қатор масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ходими илмии шуъбаи биотехнологияи маводди ветеринарӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ Муллоҷон Амирбеков оид ба гузаронидани нақша-чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ дар хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ маъруза намуд. Ҳамзамон, ходими калони озмоишгоҳи вирусология Самандар Қосимов доир ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пайдоиши бемориҳои сироятии чорвои хурди кишоварзӣ ибрози назар кард.

      Зикр гардид, ки омилҳои иқлимӣ метавонанд ба паҳншавии бемориҳо таъсири ҷиддӣ расонанд ва талаб менамояд, ки чораҳои пешгирикунанда тақвият дода шаванд. Дар идома мудири шуъбаи паразитология Сулаймон Сатторов масъалаи гузаронидани чорабиниҳои зиддигелминтӣ (зиддигиҷавӣ)-ро дар байни чорвои хурд шарҳ дода, роҳҳои самараноки мубориза бо паразитҳоро пешниҳод намуд.

     Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён муҳокимаи озод баргузор гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои ветеринарӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи гӯсфандпарварӣ ироа шуданд.