Рӯз, 6-уми апрели соли 2026 муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода Аҳлиддин ба Ҷамоати деҳоти шаҳраки Мирзо Турсунзода, деҳаи Румӣ, хоҷагии деҳқонии "Махсум- 2014" сафари корӣ намуда, аз рафти кишти пунбадона, ки бо усули зери пилёнка роҳандозӣ шудааст, шинос гардид. Дар саргаҳи замини хоҷагӣ муовини якуми раиси ноҳия бо роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии пахтакор оид ба бартариятҳои ин усул суҳбат карда, таъкид намуд, ки истифодаи таҷрибаҳои пешрафта, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка якчанд бартарият дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат замина мегузорад. Ин усул хароҷоти истеҳсолиро кам карда, ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат менамояд ва минбаъд зина ба зина гузаштан ба ин усулро дар дигар хоҷагиҳои пахтакор, ҳатмӣ шуморид. Ба маълумоти Раёсати кишоварзӣ кишти пунбадона дар ноҳияи Рӯдакӣ тибқи дурнамо имсол 350 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон 21 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст ва ин раванд бомаром идома дорад. Бо истифода аз боду ҳавои мусоид кишоварзон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ қарор дода вобаста ба тағйирёбии иқлим кишти инноватсионии зари плёнкаро ба роҳ монанд ва бо масъулияти баланду заҳмати содиқона кишти баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, барои ба даст овардани ҳосили фаровон тамоми неруи худро сафарбар намоянд. Гуфта шуд, ки татбиқи таҷрибаҳои пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо метавонад барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.