Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 605 млн. 685 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум  20,1 фоиз кам мебошад; аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 339 млн.402 ҳазор сомонӣ ё ин ки 32,5 фоиз коҳиш ёфта, чорводорӣ 266 млн.174 ҳазор сомонӣ ё ин ки 4,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

         Соли 2021 кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 22655 га гузаронида шуд.

        Аз майдони кишти гузаронидашуда 14903 га. ғалладонагиҳо, аз ин  гандум 11592 га, ҷуворимакка барои дон 640 га, шолӣ 30 га, зироатҳои равғандеҳ 1978 га, аз он ҷумла офтобпараст 169 га, зағир  1809 га,  пахта 232 га, картошка 701 га, сабзавот 1010 га, полезӣ 137 га, зироатҳои хӯроки чорво 3220 га-роташкил менамояд.

        Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 7671 тонна-97,0 фоиз.  шир 26469 тонна- 95,1 фоиз, пашм 93,6 тонна - 93,6 фоиз, тухм 32,7 млн дона -160,1 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ 2,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 65,6фоизро ташкил медиҳад. 

        Соли 2021 тибқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия дар майдони 327 га (нақша 400 га) кишти картошка гузаронида шуд,  ки 81,5 фоизи нақшаро ташкил намуда.

        Соли гузашта майдони умумии кишти пахта 232 гектарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020 121 га  кам буда, мутаносибан дармавсими соли 2021, 381 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

         Соли 2021 12,0 га боғу токзори нав бунёд гардид.

        Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар соли 2021 ба истифодабарандагони об ба миқдори 41 млн м3 оби полезӣ додааст, ки иҷроиши солона 79,6 фоизро ташкил медихад.

      Дар соли 2021 аз ҳисоби заминҳои деҳоти Лоҳур ва Султонобод масоҳати 41,46 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.

         То санаи 1 январи соли 2022 дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия майдони 4728 гектар замин шудгор карда шуда, 3625 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ гузаронида шуд.