- Диданд: 990
Дар ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи миллии рушди иљтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи рушди футбол»-ро таҳия намуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия марҳила ба марҳила амалҷ намуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018»дар ноҳияи Рӯдакӣ соли ҷорӣ беш аз 119 чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардида, ба он бевосита зиёда аз 80 ҳазору 250 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуд, ки ба воситаи онҳо ба ҳамсолонашон таъсири сиёсати давлатии ҷавонон расонида шудааст.
Ҷиҳати амали намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии забони англисӣ ва омӯзиши ҳунарҳои милли ташкил карда шуда, зиёда аз 35 нафар ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Саҳифаи 10 аз 10

