Ҳафтаи гузашта дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд.
   Дар баробари намояндагони дигар шаҳру ноҳияҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ низ намояндагон – ғолибони даври ноҳиявии фестивал бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Исмонова ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Рухшона Шобудинова фаъолона ширкат варзиданд.
   Дар оғози фестивал иштирокдорон намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзиро, ки аз ҷониби ҳунармандон шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, тамошо намуданд. Ҳайати ҳакамон аз намоишгоҳи оростаи намояндагони ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуда, аз он ҷумла ба ҳунари гирандаи гранти президентӣ, тарроҳи чирадасти ноҳияи Рӯдакӣ Шабнам Раҳмонова, ки маҳсули ҳунарҳои дастии хеш ва шогирдонро ба намоиш гузошта буд, баҳои баланд доданд.
   Дар ҷамъбасти фестивал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои иштироки фаъолона аз ҷониби кумитаи тадоруккот бо Сипоснома ва туҳфа қадрдонӣ гардид.
   Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Сад ранги чакан» дар мамлакат аз соли 2018 инҷониб бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.