Бо мақсади иштироки фаъоли мардум дар маъракаи муҳимми сиёсӣ - Интихоботи вакилони халқ дар ноҳияи Рӯдакӣ иқдомҳои назаррас рӯйи кор гирифта шуданд. Аз ҷумлаи ин иқдомот фароҳам овардани шароити овоздиҳӣ ба шахсони бемор ва имконияти маҳдуддошта мебошад. Имрӯз дар ҳама участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ қуттиҳои сайёр ташкил гардида, аз ҳисоби аъзои комиссия гурӯҳҳои корӣ ба назди шахсони бемор ва имконияти маҳдуддошта сафарбар шуданд ва ин категорияи аҳолӣ ба тарафдорони номзади арзандаи хеш овоз доданд.
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ. Қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ барои шахсони имконияти маҳдуддошта
- Диданд: 39