Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад. Ҷараёни баргузории интихоботро нозирони байналмилалӣ мушоҳида намуда истодаанд.
Субҳи имрӯз нозирони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва мушоҳидачиён аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Белорус бо мақсади назорати кори ҳавза ва ҷараёни баргузории интихобот аз участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дидан карданд. Инчунин, мушоҳидачиёни байналмилалӣ нафаронеро, ки бори аввал дар интихобот ширкат варзиданд, табрик карданд.
Нозирони байналмилалиро муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода ҳамроҳӣ намуда, бо фаъолияти участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳия шинос намуд.