Ҳаҷми маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия, давоми нимсолаи ҷорӣ 380 млн. 345 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76 млн. 324 њазор сомонӣ, ё худ 25,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия, ҳиссаи бахши саноат 29,5 фоиз, самти кишоварзӣ 60,5 фоиз, дигар соҳаҳо10,0 фоизро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 587 Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ” ва қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, чораҳои зарурӣ андешида дар натиҷа, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шашмоҳи соли 2018,69 млн. 178 ҳазор сомонӣ иҷроиш 69 млн. 386 ҳазор сомонӣ ё 100,3 фоизро ташкил медиҳад, ки аз нақшаи пешбинишуда 208 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7 млн.669 ҳазор сомонӣ ё 12,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳиссаи иҷроиши қисми таркиби андозҳо нисбати ҳаҷми умумии даромади буҷет чунин мебошад.
- андоз аз даромад 26 %
- андоз аз фоида 19,7 %
- андоз аз арзиши иловашуда 23,3%
андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад 13,0%
- дигар андозу даромадҳо 18,0 %
Андозҳои маҳаллӣ аз он ҷумла, андозҳои молу мулки ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи нақша 7 миллиону 174 ҳазор сомон иҷроиш 7 миллиону 189 ҳазор сомонӣ, ки аз нақшаи пешбинигардида 15 ҳазор сомонӣ зиёд ё 100,2 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 693 ҳазор сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ, Раёсати молия ва Нозироти андози ноҳия оиди кам намудани бақияпулиҳои андоз гузаронида шуда, маблағи ҳаҷми он ба 1 июни соли 2018 8 млн. 002 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 490ҳазор сомонӣ, нисбати моҳи январи соли ҷорӣ 1 млн. 460 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар шашмоҳи соли 2018,27 млн. 674 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 27 млн.887 ҳазор сомонӣ ё 100,7 фоиз аз он ҷумла аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ 91,2 фоиз ва корхонаву ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 110,4 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар шашмоҳи соли ҷорӣ нақша 3 млн. 572 ҳазор сомонӣ иҷроиш 3 млн.648 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст, ки 102,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2018,76 млн. 195 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 68 млн.588 ҳазор сомонӣ ё 90,0 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8805,8 ҳазор сомонӣ ё14,7фоиз зиёд мебошад.
Иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ бо соҳаҳо чунин мебошад: Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора 87,7 фоиз (нақша 2878,8 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 2523,3 сомонӣ) Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 91,2 фоиз (нақша 333,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 303,8) ҳазор сомонӣ), Маориф 91,0 фоиз (нақша 58604,6 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 53333,7 ҳазор сомонӣ), нигоҳдории Тандурустӣ 85,0 фоиз (нақша 10805,9 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 9180,5 сомонӣ), Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 98,2 фоиз (нақша 1063,0 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 1044,4 ҳазор сомонӣ), Хоҷагии манзилию коммуналӣ 88,4 фоиз (нақша 715,4 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 632,2 ҳазор сомонӣ), Фарҳанг ва варзиш 87,4 фоиз (нақша 1023,6 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 894,3 ҳазор сомонӣ), Кишоварзӣ 62,1 фоиз (нақша 207,7 ҳазор сомонӣ, иҷроиши 129,0 ҳазор сомонӣ), Корхонаҳои соҳаи сохтмон 100 фоиз (нақша 98,3 ҳазор сомонӣ, ичроиш 98,3 ҳазор сомонӣ), Нақлиёт ва коммуникатсия 97,4 фоиз (нақша 460,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 448,4 ҳазор сомонӣ).
Дар шашмоҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ташкилотҳои буҷети маҳаллӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 12 млн.771 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст.
Барои роҳҳати табобатӣ ба маъюбони садамаи неругоҳи барқӣ атомии Чернобил дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ 812,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ барои дастгирии молиявӣ банафақагирони иштирокчиёни ҷангу Бузуруги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат 105,6 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст. Аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣї ноҳия 318,7 ҳазор сомонӣ аз он ҷумла, барои корҳои ободонӣ 215,5 ҳазор сомонӣ, хизматҳои коммуналии Комиссариати ҳарбии ноҳия 17,4 ҳазор сомонӣ, расонидани ёрии моддӣ ба шаҳрвандон 24,5 ҳазор сомонӣ барои пардохти идрорпулӣ ба хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ умумии ноҳия 23,2 ҳазор сомонӣ ва дигар хароҷотҳо 38,1 ҳазор сомонӣ.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ 112 млн. 445,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,5 фоиз ё худ ба маблағи 28 млн. 246,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ њиссаи маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан 3,2 фоиз, саноати коркард 76,5 фоиз, тақсими қувваи барқ, газ ва об 20,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар саноати истихроҷи маъдан дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 3млн. 629 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст
Хаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 86 млн. 52 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ 31 млн. 986 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар соҳаи саноати коркард афзоиш 35,4 фоизро ташкил медиҳад.