Муҳокимаи ҷамъиятии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо назардошти афзалиятҳои пешгирӣ ва эътино ба масъалаҳои зӯроварии шаҳвониву гендерӣ такмил дода шудааст.

            Душанбе, 28 феврали соли 2022 г. Дар Ҷумҳарии Тоҷикистон амалияи таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо солҳои охир васеъ паҳн шуда дар ин самт алакай таҷрибаи кофӣ ва заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Солҳои охир дар кишвар ҳавасмандии мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ ҷиҳати пиёда намудани ин амалия бо назардошти маҳаликунонии Стратегияи милии рушд то соли 2030 (СМР) ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди барои солҳои 2021-2025 (БМР) дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди усутвор (ҲРУ) тадриҷан меафзояд.

           Соли 2021 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаии паст намудани сатҳи камбизоатӣ” Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро бо назардошти афзалиятҳои зӯроварии ҷинсиву гендерӣ такмил намуд, ки ин иқтидом дар доираи татбиқи ташаббуси “Нури рӯшоӣ”-и Барномаи рушди СММ сурат гирифт ва лоиҳаи такмилёфтаи ҳуҷҷати мазкур омода шуд.

           Бинобар ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки санаи 02 марти соли 2022, соати 10:00 дар маҷилисгоҳи МИҲД-и ноҳия Муҳокимаи ҷамъиятии барномаи мазкурро, ки  бо назардошти афзалиятҳои зӯроварии ҷинсиву гендерӣ такмил дода шудааст баргузор намояд. Чорабинии мазкур бо мақсади муарифӣ ва ба даст овардани пешниҳод ва андешаҳои шаҳрвандони ноҳия нисбати лоиҳаи такмил додашудаи БРН ташкил карда шуда дар он ҳамаи шаҳрвандон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва тарафҳои ҳавасманд метавонад озодона иштирок намоянд ва фикур андешаҳои худро нисбати барномаи мазкур пешниҳод намоянд.

 

           Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дастрас намудани шакли электорнии Барномаи такмилёфтаи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ метавонед ба сӯроғаи зерин муроҷиат намоед:

            Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 16 | 735100 ноҳияи Рӯдакӣ, телефонҳо барои тамос: 937835555, 8(3137) 22-4-8, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

          Шахси масъул: Салимзода  Мухаммади Салим, мудири Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа